Усули ҷадидии табобат дар самти бемориҳои санги системаи роҳҳои пешоб ва гурда дар байни кӯдакон.

Усули ҷадидии табобат дар самти бемориҳои санги системаи роҳҳои пешоб ва гурда дар байни кӯдакон.

Пизишкон пештар ин намуди бемориҳоро бо роҳи консервативӣ ва тариқи амалиёти ҷарроҳӣ табобат менамуданд.  Хушбахтона бо рушду густариши таҷҳизотҳои тиббӣ, табибони  Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” усули нави табобати ин намуди бемориро бо роҳи эндоурологӣ ба роҳ мондаанд.  Яъне бо истифода аз таҷҳизоти тиббии литотриптор дар муддати 2 соат сангҳо бидуни амалиёти ҷарроҳӣ бартараф карда шуданд.