Турсунов Ином Домуллоҷонович

Home / Турсунов Ином Домуллоҷонович

Турсунов Ином Домуллоҷонович 13-уми марти соли 1959 ба дунё омадааст. Аз соли 1966 то 1976 дар мактаби № 4-и шаҳри Кулоб маълумоти миёна гирифтааст. Мудати 1 сол дар заводи шири шаҳри Кулоб ҳамчун коргар фаъолият намуда, соли 1977 ба Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Душанбе дохил шуда, соли 1983 онро хатм намудааст. Номбурда тули 1 сол дар беморхонаи вилоятии шаҳри Кулоб интернатураро гузашта, аз соли 1984-ум то соли 2006 дар беморхонаи вилоятии бемориҳои дили шаҳри Кулоб  ҳамчун духтури дилшинос фаъолият намудааст. Аз соли 2007 то соли 2016 ба ҳайси мудири шуъбаи БИД кор кардааст. Аз 1-уми сентиябр то ин ҷониб фаъолияти меҳнатияшро дар МТИ ба ҳайси мудири ташхиси фуксионалӣ идома дода истодааст. Турсунов Ином Домуллоҷонович духтури дараҷаи олӣ, аълочии ВТ ва ҲИА ҶТ, оиладор соҳиби се фарзанд мебошад.