Тиллоев Асадулло Ибодуллоевич

Home / Тиллоев Асадулло Ибодуллоевич

Тиллоев Асадулло Ибодуллоевич 1-уми июни соли 1960 дар н.Мастчоҳи вилояти Суғд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби № 4-ри зодгоҳаш бо баҳои аъло хатм намудааст. Номбурда 2 сол дар колхоз ба ҳайси колхозчӣ фаъолият намуда, солҳои 1979-1981 хизмати ҳарбиро ба ҷой оварда, соли 1981 ба донишкадаи Давлатии тиббии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1987 онро бо мувафақият хатм намудааст. Аз соли 1988 то соли 1993 ба ҳайси духтур кор намуда, соли 1993 ба аспирантураи рӯзона дохил шуда, соли 1997 бо ҳимояи унвони номзади илми тиб онро хатм намудааст. Соли 1997 ба ҳайси омӯзгори кафедра ва соли 2004 дотсенти кафедра фаъолият намудааст.  Аз соли 1988 то ҳол ҳамчун духтури дарунигар фаъолият менамояд. Тиллоев Асадулло Ибодуллевич –табиби эндоскописти дараҷаи олӣ, ки ихтисосашро дар Ҷумҳурии Арманистон такмил додааст аз 08-уми июни соли 2016 ба ҳайси мудири шуъбаи даруннигарии қисми ташхисгоҳи МТИ кор ва фаъолият мекунад.

Оиладор соҳиби 5 фарзанд.