Таърихи маҷмаа

Асосӣ / Таърихи маҷмаа

Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”

Солимии ҷомеа, солимии давлат аст. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, аз ҷониби роҳбарияти мамлакат чораҳои зарурӣ андишида шуда истодааст. Бо иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 марти соли 2016, дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, маҷмааи бузурги тандурустӣ ифтитоҳ гардид. Маҷмаа нахустин муассисаи бисёрсоҳаи тиббии кишвар мебошад, ки мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардида, фарогири зинаҳои ташхис, табобат, аз ҷумла маркази ёрии фаврии тиббӣ ва офиятбахшии тибби муосир мебошад. Дар дармонгоҳи маҷмаа тамоми ҷараёни бақайдгирӣ, ташхис ва табобати беморон ба таври компютерӣ ба системаи ягона ворид карда мешавад. Иншоот дар масоҳати умумии 105 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфтааст.

Таъминот бо ҷойҳои нави корӣ

Ба фаъолият оғоз кардани боз як маҷмааи нави  тандурустӣ, ки бо номи “Истиқлол” маъруф аст, бо 3500 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дорои қисмҳои таваллудхона, бемориҳои дарунии кӯдакона, бистарикунонии калонсолон, дармонгоҳ, ҷарроҳии кӯдакона, ташхисгоҳ, озмоишгоҳҳои муосир, шуъбаи наҷот ва муолиҷаи оҷил барои калонсолон, толорҳои ҷарроҳии асаб, ҷарроҳии умумӣ, ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, толори гиёҳдармонӣ, маркази иттилоотӣ, китобхонаи электронии бо интернет пайваст, маркази ёрии таъҷилӣ ва варзишгоҳ мебошад.

Технологияҳо нодиру ягонаанд

Маркази мазкур дар шароити хубу замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо техналогияҳои навини соҳаи тандурустӣ пешниҳоди кормандони соҳа гардидааст. Маҷма дорои 38 бинои аз 1 то 9 — ошёна буда, дар онҳо ҳамаи шароити зарурӣ барои қабул, муоинаю ташхис, табобат ва фароғату тавонбахшӣ муҳайё карда шудааст. Бояд қайд намуда, ки дастгоҳҳое, ки ба ин марказ оварда шудааст, аз технологияҳои  нодири аср маҳсуб ёфта, дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ягона ба шумор меравад. Яъне аз миёни давлатҳои дигар танҳо Тоҷикистон тавонистааст, ки барои мардуми кишвараш чунин дастовардҳоро муайё созад. Ҳамаи ин аз осудагию оромии ҷомеаи мо ва хизматҳои нотакрори  Роҳбари Давлат шаҳодат медиҳад.

Бартарии дастгоҳҳо дар чист?

Ҷои пӯшида нест, ки солҳои қаблӣ барои муоина ва муайян кардани беморӣ рӯзҳои зиёд сарф мешуд. Имрӯзҳо бошад пешравиҳои зиёд дар ин самт дида мешавад, ки ҷойи баҳс нест. Танҳо бартарияти  дастгоҳҳои ин муассисаро қайд намоем агар, ҳаминро гуфтан ба маврид аст, ки чандин маротиба кори табибонро сабук карда, якбора бо сарфаи вақт якчанд амалиётро иҷро менамоянд. Масалан дастгоҳи ангеография, ки нодиртарин маҳсуб меёбад, ташхису табобати бемориҳои гуногун, аз қабили бемориҳои дилу рагҳои хунгард, касалиҳои занона ва ғайраро иҷро менамояд. Дастгоҳи рентгении рақамӣ бошад, дар як лаҳзаи кӯтоҳ беморро аз ташхис мегузаронад. Дар ҳуҷраи мамографӣ бемориҳои ғадуди ширии занон ва саратони ин ғадудро ташхис менамоянд. Дар ҳуҷраи дансиометрӣ ҳолати физиологӣ ё потологии узвҳоро аз ташхис мегузаронанд. Яке аз бартариҳои ин дастгоҳ бо муайян кардани зичии бофтаҳои устухон пешгирии шикастани устухонҳои инсон мебошад.

Чанд дастгоҳ барои чанд беморӣ

Ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” нафарони зиёде барои муолиҷа гирифтан муроҷиат мекунанд, ки барои кумаки онҳо духтурон ба воситаи дастгоҳҳои насбшуда хизмат мерасонанд. Озмоишгоҳ як ҷузъи муҳими соҳа ба шумор меравад. Дар ин замина  дастгоҳҳои муосир ворида карду шудааст, ки якбора якчанд амалиётро иҷро мекунанд. Масалан, дар озмоишгоҳи ташхиси бемориҳои сироятӣ дастгоҳҳои ширкати олмонӣ насб шудааст, ки дар як соат 96 амалиётро анҷом медиҳад. Заррабин бошад, замонавӣ буда, сифати баланди оптикӣ дорад ва маводҳои ташхисшавандаи бемориҳои сироятиро аз 1000 то ба 2500 баробар калон мекунад. Аксари дастгоҳҳои барқии тиббӣ дар ин марказ каммасраф мебошанд. Дар ҳуҷраи шикастабандӣ низ дастгоҳи лозимӣ насб шудааст, ки дар вақти ҷарроҳӣ беморро аскбардорӣ карда, ҳамзамон  табобатро низ ба анҷом мерасонад. Ин навъи хизматрасонӣ шахси осебдидаро намегузорад, ки  ба дигар ҷой барои гузаштан аз ташхиси рентгенӣ равад. Дар шуъбаи бемориҳои гушу гулу ва бинӣ дастгоҳи муосире насб шудааст, ки якбора беморро ташхис, беҳис ва табобат намояд.

Таҷҳизот аз кадом кишварҳост?

Дар маҷмуъ ба маркази номбурда 620 номгӯи таҷҳизоти муосири ташхису табобатӣ ворид карда шудааст, ки истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аз ширкатҳои бонуфузи Русия, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Япония, Олмон, Финляндия ва Чехия  мебошанд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас ва насб шудааст. Ҳамчунин дар маҷмаа дастгоҳҳои сайёр дар ҳар як ҳуҷраи ҷарроҳӣ, аз қабили рентгени мобилӣ, рентгени рақамӣ, таҷҳизоти махсуси нигоҳдории кӯдакони навтаваллудшудаи  вазнашон то 500 грам ва интиқоли ин гуна тифлони навзод аз як ҷо ба ҷойи дигар мавҷуданд.  Инчунин гузаронидани ҷарроҳӣ бевосита дар худи таваллудхона барои кӯдакони бо нуқси модарзодӣ таваллудшуда, аз тарафи духтурони табобати кӯдакон бо истифода аз камераҳо дар вақти ҷарроҳиҳои нақшавӣ барои  амалиётҳои фосилавӣ ва омӯзондани донишҷӯён амалӣ карда мешавад.

Амалиёти хатнаву сӯрох кардани гушу бинӣ бо дастгоҳ

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар бинои ташхисгоҳи маҷмаа шуъбаи махсусгардонидашудаи тибби сунатӣ амал мекунад, ки падару модарон метавонанд аз хизматрасонии он бобати анҷом додани маросимҳои диннӣ ва мардумӣ аз қабили амалиёти хатнаи писарчаҳо ва сӯрох намудани гӯшу бинии духтарчаҳо васеъ истифода баранд. Чунин шуъбаи махсусгардонидашуда дар дигар беморхонаҳо вуҷуд надорад. Ҳамчунин дар марказ усули муосири тибби фосилавӣ ба роҳ монда шудааст. Ин таҷриба аллакай дар ҷумҳурӣ ба таври манфиатбахш муаррифӣ гардидааст. Тавассути ин намуди хизматрасонӣ табибон дар фосилаҳои гуногуни маҳалли ҷойгиршавӣ метавонанд бо якдигар барои анҷоми ҷарроҳиҳо ё дигар амалиёт табодули дониш ва таҷриба намоянд. Дар ошёнаи дуюм ва ҳаштум бахши гиёҳдармонӣ амал мекунад, ки дар ин ҷо бо истифода аз гулу гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистони биҳиштосо доруҳои гуногунро омода мекунанд. Баҳри бемороне, ки дар ин ҷо табобат мегиранд, дар ошёнаи ҳаштум толорҳои алоҳидаи варзишӣ барои занону мардон ва кӯдакон  ташкил карда шудааст. Дар толор таҷҳизоти муосири гуногуни машқи бадан муҷаҳаз гардонида шудааст, ки мизоҷони маркази тандурустӣ метавонанд аз он васеъ истифода баранд.

Сарфи маблағ дар таъсиси  МТИ

Барои қомат афрохтани бинои маҷмааи тандурустии Истиқлол беш аз 700 миллион сомонӣ, ки дар корҳои сохтмонӣ-васлкунӣ 500 миллион сомонӣ ва харид, интиқол ва васлу насби таҷҳизоти тиббӣ 270 миллион сомонӣ сарф шудааст. Дар муассисаи мазкур 1000 ҳуҷраи тахассусӣ, 650 кати табобатӣ, аз ҷумла 150 кати калонсолон, 182 кати ҷарроҳии кӯдакона, 213 кати соматикии кӯдакона, 100 кати таваллудхона оварда шудааст. Дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст, 47 шуъбаи маъмурӣ, ёрирасон, дармонгоҳӣ ва зиёда аз 50 шуъбаи бистарикунонӣ мавҷуд аст. Дар пойгоҳи маҷмаа зеристгоҳи ёрии таъҷилии тиббӣ бо иқтидори 15 нақлиёти соҳавӣ, аз ҷумла 3 бригадаи ёрии наҷотбахшӣ, як адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ барои интиқоли кӯдакони навзод фаъолият менамояд. Толори конфронс бо 260 ҷойи нишаст, ошхона бо 150 ҷой, толори либосшӯӣ, маҷмааи варзишӣ, коргоҳи истеҳсоли доруворӣ ва ғайра аз қабили иншоотҳои дигари маҷмаа маҳсуб меёбад. Маҷмаа муассисаи калонтарин барои табобат тавассути бистаринамоӣ дар пойтахт маҳсуб ёфта, 75 фоизи иқтидори он ба солимии модару кӯдак равона карда шудааст. Пешравии соҳа дар кишвар бараъло назаррас буда, роҳандозӣ намудани ҷарроҳии дилу рагҳои кӯдакон тасдиқкунандаи ин гуфтаҳост. Ҳамчунин, покнамоии хуни (гемодеалези) кӯдакон, шуъбаи муҳандисии клиникӣ, тибби суннатӣ ва 50 кати наҷоти бахшҳои гуногун сохторҳои алоҳида ба шумор мераванд. Яке аз масъалаҳои асосии соҳаи тандурустӣ дар баробари таҷриба ва малакаи касбии табибон дастрасии дорувории хушсифат мебошад. Бояд таъкид кард, ки ҳоло 90 фоизи доруворӣ аз хориҷи кишвар ворид шуда истодааст.

Таҷрибаомӯзон низ сафарбар карда мешаванд

Ҳамчунин маҷмааи тандурустии “Истиқлол” на танҳо муассисаи табобатӣ, балки бузургтарин маркази илмиву таълимӣ ба ҳисоб меравад.  Дар он фаъолияти 14 кафедраи соҳавии Донишгоҳи давлати тиббии Тоҷикистон, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ дар назар аст, ки донишҷӯён ва устодони соҳаи тиб метавонанд аз он чун пойгоҳи беҳтарини таълимӣ, илмӣ ва таҷрибаомӯзии амалӣ пурсамар истифода баранд. Бо таъмини чунин шароити муосир акнун мардум ба хориҷи кишвар нарафта, дар маҳалли зисти худ бо харҷи камтарин маблағ ва сарфаи вақт табобат мегиранд. Ин дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ, пешгирӣ ва аз байн бурдани бемориҳои гуногун, аз ҷумла касалиҳои сироятӣ, пешгирии фавти модару кӯдак, дар шароити муосир ва бо риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ расондани кумакҳои аввалияи тиббӣ мебошад.