ТАҶРИБАИ ТАШХИСГУЗОРӢ ВА ТАБОБАТИ ҶАРРОҲИИ БЕМОР БО ЭХИНОКОККОЗИ ГИГАНТИИ ШУШИ ЧАП

Асосӣ / ТАҶРИБАИ ТАШХИСГУЗОРӢ ВА ТАБОБАТИ ҶАРРОҲИИ БЕМОР БО ЭХИНОКОККОЗИ ГИГАНТИИ ШУШИ ЧАП

ТАҶРИБАИ ТАШХИСГУЗОРӢ ВА ТАБОБАТИ ҶАРРОҲИИ БЕМОР БО ЭХИНОКОККОЗИ ГИГАНТИИ ШУШИ ЧАП

Муҳимияти мавзӯъ. Новобаста аз баландрафтани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, гузаронидани муоинаҳои профилактикии рентгенологии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо, сафи беморони гирифтори эхинококкози гигантӣ ва аворизгаштаи шушҳо майли камшавиро надорад.

Беморони гирифтори эхинококкози гигантии шушҳо яке аз гурӯҳи нисбатан вазнини беморони ҷарроҳии кафаси сина ба ҳисоб мераванд.  Ин гурӯҳи беморон тадқиқоти ҳамаҷониба, тайёрии мақсадноку пешазҷарроҳӣ ва интихоби амиқи беҳисгардониро талаб мекунанд. Амалиётҳои ҷарроҳӣ дар ин гурӯҳи беморон одатан аз ҷиҳати техникӣ душвор, вазнин ва осебрасон мебошанд.

Мақсад. Таҳлили сабабҳое, ки боиси дермуайянкунонии ташхиси дуруст ҳастанд ва нишондодани натиҷаи хуби табобати ҷарроҳӣ дар мисоли як бемор.

Мавод ва усулҳои тадқиқ. Дар давоми як соли фаъолият дар шуъбаи ҷарроҳии қафаси сина ва рагҳои МДМТ Истиқлол 11 нафар беморон бо ташхиси эхинококкози гигантии шушҳо бистари шуда, табобати ҷарроҳиро гузарониданд. Ҳамагӣ ба 11 нафар беморон 17 намуди амалиёти ҷарроҳи гузаронида шуда буд. Синну соли беморон аз 16 то 62 сола мебошанд. Аксарият мардон ва  зодаи ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ буданд.

Ба андешаи мо табибон сабабҳои зерин ҷой доранд, ки ба дер ё хато ташхисгузории ин гурӯҳи беморон боис мегарданд:

  • Нагузаронидан ва ё пурра фаро нагирифтани муоинаҳои профилактикии флюрографии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо.
  • Дар ҳоли гузаронидани тадқиқоти рентгении қафаси сина, нодуруст хулосабарорӣ намудани бозёфт. Эхинококки гигантии шушҳоро аксарият чун плеврити эксудативӣ пиндоштан. Беасоос гузаронидани табобати консервативӣ ва ҳатто  пунксияи ковокии плевра ба ин гуруҳи беморон, ки боиси сарзании аворизҳо мегардад.

Усули асосии ташхис тадқиқи рентгенологӣ баҳисоб меравад. Бо нишондод томографияи компютерӣ истифода бурда мешуд. Дар ҳамаи беморон бо мақсади омӯхтани имкониятҳои системаи дилу нафас вазифаи нафасгирии беруна (ВНБ), ЭХО Кг гузаронида шудааст. ТУС –и шушҳо ва ковокии плевра яке аз усулҳои дастрас ва зиёдмаълумотдиҳанда башумор меравад, ки метавонад, баъзан вақт истифодаи ТК –ро инкор намояд. Ин усулҳои ташхисӣ имкон медиҳанд, ки андоза, миқдор, ҷойгиршавии аниқи ҳаббобаҳо ва аворизҳои ҷойдоштаро муяйян  карда масъалаи интихоби дарёфт ва ҳаҷми амалиёти ҷарроҳиро дуруст ҳал намоем.

Мӯҳлати тайёрии пешазҷарроҳӣ дар ин гуруҳи беморон вобастагӣ дорад аз ҳолати кистаҳо ва ҷой доштани аворизҳо. Дар ҳолати ҷой надоштани аворизҳо ҷарроҳӣ одатан ба тариқи таъхирӣ гузаронида мешавад.

Аз рӯи хусусият ва ҳаҷми амалиётҳои ҷарроҳии такрорӣ беморон ба чунин гурӯҳҳо тақсим карда шуданд: торакотомия, эхинококкэктомияи шушҳо — 7, эхинококкэктомияи шуш ва ковокии плевра — 3, эхинококкэктомияи шушҳо ва сатҳи диафрагмалии ҷигар -2, эхинококкэктомия ва бурриши атипикии шуш  бо плеврэктомия 5 нафар.     Амалиётҳо зери беҳисгардонии умумӣ, НЭ Бронхиалӣ бо интубатсияи яктарафаи шуш гузаронида  шудаанд. Курси табобати антипаразитарӣ аз рӯи нақшаи қабулгаштаи шуъба гузаронида шуд: Албендазол 400мг х 2 маротибагӣ, муддати 28 рӯз, то 3 курс.

Дар мисоли зер мо натиҷаи табобати хуби саривақтии бемор Раҷабов Шоҳзамон Бердиқулович, с/т 2001, ТБ № 2314- ро нишондоданием:

Раҷабов Ш. Б, зодаи ноҳияи Истаравшан,  санаи  29.07.2017с бо шикоятҳо ба нафастангӣ, дилзанӣ ҳангоми ҳаракат ва кори ҷисмонӣ, дардманди дар нимаи    чапи     қафаси сина, баъзан баландшавии таби бадан то 38, бемадорӣ муроҷиат намуд.

Худро дар давоми се моҳи охир бемор мешуморад. Бо сабаби бемории шуш дар БМН -и ноҳияи Истаравшан  муолиҷаҳои консервативии амбулаториро бо натиҷаҳои муваққати мегирад. Аз сабаби вазниншавии аҳволаш бемор, баъди гузаштани рентгени шушҳо, бо пайхаскунии бемории ҷарроҳӣ ба шаҳри Душанбе назди ҷарроҳи қафаси сина равон карда мешавад. Пас аз тадқиқ ва муайян намудани ташхиси кистаи гигантии шуши чап,  барои табобати ҷарроҳӣ бистарӣ карда шуд.

Ҳолати умумии бемор ҳангоми муоина вазнин. Сохти бадан дуруст, шаклаш астеники. Пуст ва пардаҳои луобӣ ранги муқаррарӣ доранд. Чарбуи зерипустӣ кам инкишоф ёфтааст. Гиреҳҳои лимфатикии перифери палмосида намешаванд. Шакли қафаси сина дуруст. Нимаи чапи қафаси сина- барҷаста, дар нафаскашӣ иштирок намекунад. Ҳангоми аускултатсия дар шуши рост нафаскашии везикулярӣ шунида мешаванд, аз чап садои нафас шунида намешавад. Адади нафасгирӣ 24-22 дар 1 дақиқа. Дил ба тарафи рост кӯчидааст ва кори қуллачаи дил дар байниқабурғаи 4 аз рост муайян карда мешавад. Садои дил, мураттаб, Ф/А 110/80 мм. сут. сим, набз – 122 дар 1 дақ. Забон намнок, тоза. Шикам шакли муқарари дошта, ҳама мавзеъҳояш дар нафаскаши баробар иштирок мекунад. Ҳангоми палпатсия мулоим, каме дардманд дар зеркабурғаи чап. Ҷигар ва испурӣ ҳангоми палмосидан калон нашудаанд. Аломати куфтани мавзеъи гурдаҳо бедард аз ҳар ду тараф. Наҳосат мунтазам, пешобкунӣ озод, бе дард.

Рентгенография ва Томографияи компютерии қафаси сина – ташкилаи калони кистозии нимаи чапи қафаси сина бо дислокатсияи дил ба рост, шуши чап дида намешавад.

Таҳлилҳои лабораторӣ— Нб-127гл, Эр- 4.6, НР 0.6.7, Лейк-6.2, СТЭ 25,  гуруҳи хун О Якум (I)+- мусбат, маркюри гепатитҳо, ВИЧ, РВ манфӣ, сафедаи хун 70, мочевина 4.8, креатинин 80.

ЭКГ- санҷишӣ — ритми синуси, ззд- 98 дар 1 дақ, пастшавии диффузии просесҳои реполяризация.

    Ташхис— Ҳаббобаи эхинококкии гигантии шуши чап бо дислокатсияи миёнадевор ба рост.  норасогии нафасгири дараҷаи  сеюм.

 Бемор дар давраи пеш аз амал доруҳои антибактериалӣ, нерӯдиҳанда, бронхолитикҳо ва десенсибилизатсиониро гирифт.  Ба бемор ба тариқи таъхири дар санаи 02.08.2017с ҷарроҳии торакотомия аз чап, эхинококэктомияи шуши чап бо намуди лобэктомияи болои, плеврэктомия заҳкашгузории  ковокии плевра гузаронида шуд. Давраи баъдиҷарроҳи нисбатан хуб гузашт,

Дар рентгенографияи санҷишӣ шабонарӯзи 5-уми баъди ҷарроҳӣ – шуши рост  дар ҳаҷми пурра, шуши чап пайдо шудааст, нимаи чапи кафаси синаро пур, илтиҳобдор, синусҳо озод.

Найчаҳои обияткаши  гирифта шуданд, сиҳатшавии ҷароҳат бо тариқи аввалин. Бемор санаи 12.08.2017 дар ҳолати нисбатан қаноатбахш ба хона, ба табобати амбулаторӣ, бо тавсияҳои эхтиётшави аз шамолзанӣ, В- макс 1хаб х2 мр то-20руз, албендазол 400мг х 1 мр, эссенсиал форте 1т х 3 маротиба то 28 руз.

Ноилшавӣ ба чунин натиҷаро мо бо гузоштани нишондоди дуруст ба ҷарроҳӣ, тайёрии хуби пешазҷарроҳӣ, интихоби дурусти дарёфт, ҳаҷми ҷарроҳӣ ва беҳисгардонӣ, гузаронидани ҳатмии табобати антипаразитарӣ вобаста медонем.

Хулосаҳо:

1.Миқдори бемороне, ки бо эхинококкози гигантии шушҳо муроҷиат мекунанд, тақрибан 7-10 % ро ташкил медиҳад.

  1. Дар байни сабабҳои асосие, ки боиси дер муайян кардани ин ташхис мегарданд ҷои аввалро омилҳои зерин дарбар мегиранд:
  • Нагузаронидан ва ё пурра фаро нагирифтани муоинаҳои профилактикии флюрографии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо.
  • Дар ҳоли гузаронидани тадқиқоти рентгении қафаси сина, нодуруст хулосабарорӣ намудани бозёфт ва гузаронидани табобат оиди дигар ташхис.

Пастбудани сатҳи маълумотнокии тиббии аҳолӣ, ки саривақт барои табобати ҷарроҳӣ  муроҷиат наменамоянд.