Суҳбат бо мутахассиси қисми бистаринамоии калонсолон

Home / Суҳбат бо мутахассиси қисми бистаринамоии калонсолон

Суҳбат бо мутахассиси қисми бистаринамоии калонсолон Юсупова  Зулфия Изатшоевна

Фаъолият ва хизматрасонӣ дар қисми шумо чи гуна сурат мегирад?

Дар қисми бистаринамоии калонсолон 11 шуъба фаъолият намуда барои табобату муолиҷаи беморон пешбини шудаанд. Дар аксарияти шуъбаҳо таҷҳизотҳои нодир насб гардидааст, ки барои ташхис ва табобат бисёр муфид мебошанд. Кор ва рафти муолиҷа мувофиқи протоколҳои клиники сурат мегиранд.

Дар қисми шумо бештар кадом намуди бемориҳо табобат карда мешаванд?

Қариб, ки тамоми намуди бемориҳо дар қисми мо табобат карда мешаванд.

-Ҳама гуна бемориҳое, ки ба ҷарроҳи ниёз доранд

-Бемории диабети қанд

-Бемориҳои аллергологӣ

-Бемориҳои соҳаи осебшиноси ва раддодӣ

-Бемориҳои дил

-Бемориҳо дар соҳаи кардиохирургия

-Бемориҳо дар соҳаи нейрохирургия

-Бемориҳои гушу гулу ва бинӣ

-Бемориҳои асаб ва фалаҷи майнаи сар

-Бемориҳои ҷарроҳии шуш (эхинокококози шуш, поликистози шуш, эмпиемаҳои плевра, осебҳои қафаси сина, шикасти қабурғаҳо, бемориҳои сурхруда, чураҳои диафрагма, тангшавии хирной, флегмонаҳои гардан, ҷоғар, омосҳои миёнадевор).

Имрӯзҳо шаҳрвандон бештар бо кадом намуди бемори  муроҷиат мекунанд?

Дар айни ҳол бештар бемориҳои дил, диабети қанд, холесистопанкреатитҳои шадид, сангҳои хурду калони талхадон ва роҳҳои зардагузар, фалаҷи майнаи сар, норасогии шадиди гардиши хун дар майнаи сар мебошад.

Чи бояд кард, то ба чунин бемориҳо гирифтор нашуд?

Барои дучор нашудан ба ин намуди бемориҳо,  бо аҳолии кишвар корҳои фаҳмондадиҳи  гузаронида шавад, ва МСШ-ҳо бояд кори профилактики бар зиди ин бемориҳоро пеш баранд. Бемороне, ки баъд аз муолиҷа ва табобат аз қисми мо ба ҳонаҳои худ бар мегарданд аз ҳисоби хурок ва дигар ҷузъиётҳо  ба онҳо фаҳмондадиҳи мегузаронем, масалан аксари хурокҳо, ки ба чунин намуди бемориҳо хос нестанд ба онҳо мефаҳмонем.

Бояд ҳар як шахс дар як сол ду маротиба аз назари табибон гузарад, зеро роҳи асосии пешгирии чунин бемориҳо ҳамин ба ҳисоб меравад.

Ҳолатҳое буданд, ки аз саломат мондани беморе шак мекардед ?

Дар ҳама давру замон, ҳама табибон бовари доранд, ки ҳама беморон шифо ёфта ба зиндагии пештараи худ бармегарданд. Ва дар айни замон ҳам табиб бо ҳама намуди бемориҳо ру ба ру шуда бовари дорад, ки ҳама беморон шифо меёбанд.