Шуъбаи валодатгоҳи 2

Home / Шуъбаи валодатгоҳи 2

Шуъбаи валодатгоҳи  2 муассисаи соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб рафта дар бинои замонавии 6 ошёна дар ошёнаи 2-ум дар блоки 8-уми Б ҷойгир буда бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Шуъбаи валодат ҳамчун шуъбаи махсусгардонидашуда ба ҳисоб меравад.  Шуъба дорои 12 ҳуҷраи як нафара буда, бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ таҷҳизонида шудааст. Аз ҷумла як ҳуҷраи доругузаронӣ, ҳуҷраи тамизгардонӣ, боғӣ зимистона, ошхона, ҳуҷраи мудири шуъба, ҳуҷраи табибон, ҳуҷраи ҳамшираи калон, ҳуҷраи хоҷагидор, либосҷойи мардона ва занона. Мудири ин шуъба, духтури дараҷаи олӣ Мирзоева Катабиби мебошад. Инчунин дар шуъба гинекологҳо Мансурова О, Амирбекова С, ба беморон хизмат мерасонанд. Дар шуъбаи мазкур 12 –ҳамшира фаолият мекунанд, ки аз инҳо се нафарашон дараҷанокӣ доранд.

Дар шуъбаи валодатгоҳ тамоми муоинаҳои лабараторӣ, гузаронида мешаванд. Аз тарафи мудири кафедра, профессору дотсентон ва асистентони кафедраи ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе ва шанбе гардиши ҳафтаинагӣ гузаронида мешавад ва инчунин дастуру тавсияҳои клиникӣ дар барномаи табобатии беморон ҳамарӯза истифода бурда мешавад.