Шуъбаи валодатгоҳи 1  

Асосӣ / Шуъбаи валодатгоҳи 1  

Шуъбаи валодатгохи 1 муасисаи соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб рафта дар бинои замонавии 6 ошёна дар ошёнаи 1-ум дар блоки 8-уми  Б  ҷойгир буда, бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ муҷъаҳаз гардонида шудааст. Шуъбаи валодатгоҳ ҳамчун шуъбаи махсусгардонидашуда ба ҳисоб меравад.  Шуъба дорои 12 хуҷра ва 8 кат барои зоиш ҷудо гардида бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Аз ҷумла, ҳуҷраи тамизгардонӣ, боғӣ зимистона,  ҳуҷраи табибон, ҳуҷраи ҳамшираи калон, либосҷои мардона ва занона. Мудири ин шуъба, духтури дараҷаи олӣ Гадоева Н.С. мебошад. Инчунин дар шуъба Салимова У.  дараҷанокии 2 духтури акушер  гиниколог, мутахасисони ҷавон Каримова, Салихова ба беморон хизмат мерасонанд. Дар шуъбаи мазкур 9 акушерка  фаъолият мекунанд, ки аз инҳо се нафарашон дараҷанокии оли 3 нафарашон 2,  ва 2 нафари дигарашон ҷавонон мебошанд.

Дар шуъбаи валодат тамоми муоинаҳои лабараторӣ, гузаронида мешавад. Аз тарафи мудири кафедра, профессору дотсентон ва асистентони кафедраи акушери ва гинекологӣ ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе ва шанбе гардиши ҳафтаинагӣ гузаронида шуда дастуру тавсияҳои клиникӣ дар барномаи табобатии беморон ҳамарӯза истифода бурда мешавад.