Шуъбаи табобати физиотерапевтӣ

Асосӣ / Шуъбаи табобати физиотерапевтӣ

Шуъбаи табобати физиотерапевтӣ

Шуъбаи табобати физиотерапевтӣ, бо таҷҳизот ва методикаи табобати муосир таъмин карда шудааст. Аз он ҷумла:

а) таҷҳизоти кашиши сутунмӯҳра;

б) таҷҳизотҳои табобати барқӣ;

в) таҷҳизоти табобати магнетӣ;

г) таҷҳизоти табобати лазерӣ;

д) таҷҳизоти табобати ултрасодоӣ;

е) табобати парафин-озокеритӣ;

ж) табобати нурафканӣ;

з) толори варзишдармонӣ;

и) маҳсдармонӣ ва ғайра.

Дар шуъба аввалин маротиба табобати дохиливаридии лазерӣ ба роҳ монда шудааст. Чунин табобат барои бемориҳои кардиологӣ, неврологӣ, эндокринологӣ, гинекологӣ, ревматологӣ, дерматологӣ, онкологӣ, стоматологӣ ва ғайра васеъ истифода мешавад. Беморон баъди 4-5 қабули лазердармони худро беҳтар ҳис менамоянд.