Шуъбаи табиатшифоӣ

Home / Шуъбаи табиатшифоӣ

Шуъбаи табиатшифоӣ (физиотерапия)

Шуъбаи  табиатшифои (физиотервпия)  дар ошёнаи 6 “Б” қисми ҷарроҳии кӯдакони МД “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” ҷойгир шудааст.

Дар шуъба  чунин муолиҷаҳо гузаронида мешавад;

Галванизатсия, электрофарез, электростимулятсия (ҷараёни диодинамики, интерфенкии Тенс, ҷараёни Требера стимулятсия русская, Арсонвализатсия, Аэрозолтерапия ва ЛФК маҳси бадан).

Шуъба  бо усулҳои табиатшифоӣ ва муолиҷаи варзиши бадан    дар табобати комплекси бемориҳои гуногун машғул мебошад. Усулҳои табиатшифои ба ҷараёни беморӣ таъсир намуда, воситаи пешгири ва оризаҳо мебошад. Мақсаднок таъсир намудан ба ҷараёни беморӣ, саривақт бартараф намудани осебҳо боиси пайдоиши дард ва варамиҳо, суст кардани ҷараёни таҷдид, инкишофи контрактура, оризаҳо аз ҷиҳати асоси ҳангоми табобати беморон ба ҳисоб меравад.

Барои ҳамин ҳангоми бемориҳои хирною шушҳо бештар табобат бо электрофарез, бо маҳлулҳои гуногуни зидди илтиҳоби, бактерияви ва аллергетики гузаронида мешавад. Ин услуб гузаронидани  ионҳои моддаҳои доруги тавассути пуст ва пардаи луоби бо ёрии ҷараёни доимӣ гузаронида мешавад. Ба беморони илтиҳобии шуш, бештар электрофарез бо маводҳои калий йод, калсий хлор, лидаза, химотрипсин, эуфиллин истифода бурда мешавад. Истифодабарии электрофарез бо маводҳои гуногун дар комплекс бо усулҳои аэрозол, маҳс, электростимулятсия, варзиши ҷисмонӣ дорои хусусиятҳои зиддибактерияви, зиддиилтиҳоби (васеъшавии бронхо несӣ ва суюқ кардани балғами фасодӣ, ки дар натиҷаи он тоза шудани роҳҳои нафаскаширо ба вуҷуд меорад. Аз роҳҳои нафс моддаҳои доруворӣ (эуфиллин, ферментҳо) витаминҳо, алафҳо, равғаниҳои зидди гистаминҳо ба хун чабида шуда ҷараёни илтиҳобро суст мекунад. Ҳангоми бемориҳои эхиноккокии шуш ва ҷигар галванизатсияи дохили бофтаҳо истифода бурда мешавад. Эхиноккокоз дар кӯдакон бо суръат икишоф меёбад ва дар як муддати кутоҳ обхалтаҳои паразити ҳаҷмаш калон мешаванд. Пас аз амалиётҳои ҷарроҳӣ дар якҷоягӣ бо  дорувориҳо ба беморон ҷараёни галваники баъди итеъмоли вермокс, мебендазол истифода бурда ва дар мавзеи ҷойгиршавии обхалтаи эхиноккоки гузошта мешавад. Галванизатсияи дохили  бофтавиро инчунин бо мақсади пешгирии аз нав пайдошавии обхалта пас аз 6 моҳ тавсия менамоянд. Ҳангоми сӯхтани сурх рӯда ва хата, тангшавии сурхруда гузаштани хӯрок душвор мешавад аз ҳамин ҳисоб пайдоиши дард зиёд мешавад. Ба ин беморон усулҳои электрофарез бо калий, йод, лидаза, электростимулясия (ҷараёни интерференс, ҷараёни диодинамики ) мегузаронанд.