Шуъбаи осебшиносӣ ва ортопедӣ

Home / Шуъбаи осебшиносӣ ва ортопедӣ

ШУЪБАИ ОСЕБШИНОСӢ ВА ОРТОПЕДӢ

Шуъбаи осебшиносӣ ва раддодӣ воҳиди сохтори “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” буда, барои расонидани ёрии махсусгардонидашудаи баландихтисос ба беморони гирифтори осебҳо ва бемориҳои ортопедӣ ташкил карда шудааст. Ёрии мазкур нақшавӣ ва фаврӣ сурат мегирад.

Мақсади асосии шӯъбаи осебшиносӣ ва раддодӣ расонидани ёрии махсусгардонидашудаи баландихтисос ба беморони гирифтори осебҳо ва бемориҳои раддодӣ мебошад.

Вазифаҳои асосии шуъбаи осебҳо ва бемориҳои раддодӣ аз инҳо иборат аст:

ташхис ва табобати беморони аз тавлид то синни 18 сола, ки гирифтори осебҳо ва бемориҳои раддодӣ (ортопеди) мебошанд, таъмини иҷрои Протоколҳои клиникии бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида; таъмини иҷрои Барномаҳои миллии соҳави, ки бо фаъолияти шуъба вобаста мебошанд; дар фаъолияти шуъба саривақт ҷорӣ намудани усулҳои муосири ташхису табобати беморон; пеш бурдани корҳои илмию тадқиқотӣ дар шуъба; мувофиқи нақша тайёр намудани мутахассисон, такмили ихтисос ва дараҷанокии кормандони тибби шуъба;  риояи реҷаи санитарию гигиенӣ; риояи қоидаҳои бехатарии сӯхтор;  гузаронидани корҳои санитарию фаҳмондадиҳӣ бо беморон.

Шуъбаи осебшиносӣ ва раддодии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” дар бинои ҷавобгӯ ба талаботи қоидаҳои сохтор, истифодабарӣ, техникаи бехатарӣ, ки барои шуъбаҳои статсионарӣ муқаррар гардидаанд, ҷойгир мебошад.

Шуъбаи осебшиносиӣ-ортопедӣ дар биноии 6-ум, ошена 3-юм дар блоки А ва Б ҷойгир мебошад. Шуъба дорои 15 кат,  ва аз ҳуҷраҳои зерин иборат мебошад: боғи замистона, ҳуҷраи гаҷбанди, ҳуҷраи захмбанди, ҳуҷраи кормандон, мудири шуъба, хуҷраи доругузарони, ҳуҷраи хоҷагидор ва ҳуҷраи кормандони миёнаи тиб.

Дар шуъбаи осебшиноси ортопеди ҳамаги 20- нафар корманд фаъолият мебаранд, ки аз  инҳо 2-нафар духтур, 2-нафар ассистентони кафедраи осебшиносӣ-ортопедӣ ДДТТ. 8-нафар ҳамшираи тиб, 7- нафар корманди хурди тиб кор ва фаъолият мекунанд. Мудири шуъба Самиев Б.Ш. собиқаи кори 18 сола дошта дараҷанокии олӣ дорад.

Дар шуъбаи осебшиносӣ –ортопедӣ тарзи усули нави замонави барои табобати беморони каҷпои модарзодӣ бо усули Понсети ҷори карда шудааст.