Шуъбаи муолиҷаи оҷил ва наҷоти кудакона

Home / Шуъбаи муолиҷаи оҷил ва наҷоти кудакона

Шуъбаи муолиҷаи оҷил ва наҷоти кудакона

Шуъбаи муолиҷаи оҷил ва наҷот  дар ошёнаи  аввали қисми ҷарроҳии кӯдакони “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” ҷойгир шудааст. Шуъба дорои 12 кати хосса буда бо тамоми дастгоҳҳои замонавӣ аз ҷумла: дастгоҳҳои нафаси сунъӣ (Hamilton C1, С2), дастгоҳи нафасии неинвазивӣ, кувез барои навзодон, кардиомониторҳои наздикатӣ ва сайёр, пулсоксиметрҳо, дефибриляторҳо, инфузиоматҳо, обияткашакҳо ва ғайра таҷҳизононида шудааст.

Инчунин  дар шуъба ҳуҷраҳои СБД (ЭКГ), ташхиси ултрасадоӣ (УЗИ) ва муоинагоҳи таъҷилӣ низ фаъолият мекунанд, ки онҳо низ бо дастгоҳҳои муосир замонавӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Дар шуъба 14 табиб кор ва фаъолият мекунанд. Аз онҳо 3 нафарашон номзади илмҳои тиб буда, ҳамзамон дар кафедраҳои ДТИБДКТ ва коллеҷи тиббӣ кор ва фаъолият менамоянд ва барои тарбияи кадрҳои ҷавон саҳмгузоранд:

Саломов А.К. – номзади илмҳои тиб, дорои дараҷаи олии касбӣ, мудири шуъбаи муолиҷаи оҷил ва наҷот.

Абдулалиев А.А. – номзади илмҳои тиб, дорои дараҷаи олии касбӣ.

Икромов Т.Ш. – номзади илмҳои тиб, Аълочии тандурустӣ ва маориф, ҷонишини сартабиб оиди шифоӣ.

Табибони дорои дараҷаи олии касбӣ : Сафархонов Ҳ.М. , Раҳимов А.А. , Баротов Ф.Н.

Ҳамаи табибони шуъба дар чорабиниҳои муоинавӣ ва табобатӣ, таъмини кори эҳёгарӣ дар давоми шабонарӯз, омода сохтани беморон барои амалиёти ҷарроҳӣ, таъмини беҳискунии комплексӣ, беҳискунии регионалӣ, назорат ва табобати беморон баъди амалиёти ҷарроҳӣ, муҳаё сохтани  хамагуна чорабиниҳо барои муътадил сохтани ҳолати беморони дар ҳолати вазнин буда, баланд бардоштани савияи коркунони маҷмаа оиди ёрии авалия ва таъҷилӣ ба беморони дар ҳолати вазнин ворид шуда фаъолона иштирок менамоянд.

Табибони шуъба барои баланд бардоштани дониш ва малакаи корӣ  ба хориҷи кишвар, ба курсҳои кутоҳмуддат сафарбар карда мешаванд.

Клиникаи ҷарроҳии кудакона ва анестезиология ва реаниматология бо клиникаҳои ФР, Олмон, Гурҷистон, Қирғизистон, Қазоқистон,  Арманистон, Узбекистон ва ғ. ҳамкориҳои илмӣ ва амалӣ дорад.

Дар шуъба  инчунин 15 нафар коргарони хурди тиб кор мекунанд, ки аз онҳо 6 нафарашон дорои дараҷаи олӣ ва якуми тахассусӣ мебошанд. Ҳамаи коргарони хурди шуъба пуртаҷриба буда, дар ҳама гуна ҳолатҳои оҷил вазифаи худро бе чуну чаро иҷро менамоянд.