Шуъбаи модар барои нигоҳбинии кӯдакони бемор бо шароити махсус ва бистаринамоии рӯзона

Home / Шуъбаи модар барои нигоҳбинии кӯдакони бемор бо шароити махсус ва бистаринамоии рӯзона

Шуъбаи модар барои нигоҳбинии кӯдакони бемор бо шароити махсус ва бистаринамоии рӯзона

  1. Вазифаи шуъбаи модар барои нигоҳбинии кӯдакони бемор бо шароити махсус ва бистаинамоии рӯзона, расонидани ёрии махсусгардонидашудаи баландихтисос ба беморони гирифтори бемориҳои ҷаррроҳии кӯдакона мебошанд.
  2. Ҳадафҳои асосии шуъбаи модар барои нигоҳбинии кӯдакони бемор бо шароити махсус ва бистаринамоии рӯзона аз инҳо иборат аст:
  • ташхис ва табобати беморони синни аз 1 то 18 сола.
  • дар фаъолияти шуъба саривақт ҷорӣ намудани усулҳои муосири ташхису табобати беморон;
  • дуруст ба роҳ мондан ва ташкили кори мутахассисони соҳаи тиб;
  • таҳия намудани чорабиниҳо барои беҳтар намудани сифати ёрии ташхисию табобатӣ ва паст намудани оризаҳо ва фавт дар шуъба;
  • дуруст ба роҳ мондани тартибдиҳии ҳуҷҷатҳои тиббӣ аз рӯи мӯҳлат ва шаклҳои муқаррагардида;
  • гузаронидани корҳои санитарию фаҳмондададиҳӣ бо беморон.

Дар шуъба 1-духтур – мудири шуъба, 7-корманди миёнаи тибб ва 6  кормандони хурди тиб, фаъолият менамоянд.

Дар шуъба усулҳои нави ҷарроҳи бемориҳои батни: бемории Гиршпрунг бо усули трансаналӣ, бемориҳои урологӣ, гузаронидани гели зиддирефлюкси,бо воситаи систоскоп гирифтани сангҳои ҳаҷмашон 6-7 мм гузаронида мешавад.