Шуъбаи кӯдакони синни бармаҳал

Home / Шуъбаи кӯдакони синни бармаҳал

Шуъбаи кӯдакони синни бармаҳал

Шуъбаи кӯдакони синни бармаҳал дар  ошёнаи панҷуми бинои ҳафтуми қисми  бемориҳои соматикии кудаконаи Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии Истиқлол  ҷайгир  буда  аз 20- кати доимамалкунанда  иборат  мебошад.  Хизматрасонии тиббӣ барои саломатии кудакони   2- моҳа то  3 – сола   равон карда шудааст. Шуъба дорои 10- ҳуҷраи табобатӣ, ҳуҷраи мудири шуъба, ҳуҷраи табиби навбатдор, ҳуҷраи доругузаронӣ, ҳуҷраи антропометрӣ, ҳуҷраи ҳамшираи калон, ҳуҷраи хоҷагидор, ошхона ва ҳуҷраи тақсимоти  ғизо иборат мебошад. Дар шуъба беморон бо ташхисҳои зерин бистарӣ гардида табобат мегиранд: бронхит, бронхиолит, пневмония, сепсис, диатези эксудативӣ- катаралӣ.

Шуъба бо  чунин  таҷҳизотҳои замонавӣ    ҷиҳозонида  шудааст: Дастгоҳи буғдиҳӣ ( ингалятор), ки барои буғдиҳии роҳҳои нафас истифода бурда мешавад. Ҳавокашаки барқӣ ( электроотсос),  ки  барои  тоза  намудани  роҳҳои нафас ва ковокии бинӣ аз фассод. пулсоксиметр барои муайян  намудани таъминнокии оксигени капилярӣ. комплекти  диагностикӣ ( ото-офтальмоскоп), барои ташхиси бемориҳои гуш, гулӯ бинӣ  ва чашм. Ин таҷҳизотҳо барои осон намудани   табобат   ва  ташхиси  беморон ниҳот қуллай мебошанд.

Дар шуъбаи кудакони синни бармаҳал   3- нафар духтур (дараҷаи олӣ-2 нафар собикаи кори 29  ва 35 сол), дараҷаи 1-ум   1-нафар) ,  10  ҳамшираи тиббӣ ( дараҷаи олӣ 2- нафар, 1-ум   1- нафар, 2-юм  2- нафар)   ва 12- нафар кормандони  хурди  тибб кор ва фаъолият мекунанд. Як нафар духтур  ва як нафар  ҳамшираи шуъба  тренинг  дар мавзуи   “Дастурамал оид ба табобати беморони гирифтори гипотрофияи дараҷаи вазнин“  гузашта  дорои сертификат мебошанд. Шуъба барои тайёр  ва баланд намудани савияи дониши  духтурон ва кормандони хурди тибб, тайёр намудани табибон ва  ҳамшираҳо барои гузаштани дараҷаноки, гузаронидани семинарҳо, ҷорӣ намудани методҳои нави муолиҷа, ташхисӣ ва табобатӣ фаъолият дорад. Дараҷаноки кормандон 70.3%-ро ташкил мекунад.