Шуъбаи гастроэнтролоҷӣ

Home / Шуъбаи гастроэнтролоҷӣ

Шуъбаи гастроэнтролоҷӣ

Шуъба дар ошёнаи сеюми бинои ҳафтуми бахши соматикии кӯдаконаи Муассисаи Давлатии Маҷмааи тандурустии  Истиқлол ҷойгир буда, аз 10 ҳуҷра ва 20 кати доимамалкунанда  иборат мебошад. Дар шуъба аз рӯи дастурамалҳои вазифавии тасдиқшуда ва дастури клиникӣ оид ба ташхис ва табобати бемориҳои узвҳои ҳозима, ки бо фармони ВТ ҲИ А ҶТ аз 25.07.2014  таҳти №573   ба роҳ монда шудааст. Кори табобатии шуъба бо чунин бемориҳо дастрас аст: Бемориҳои музмини сурхруда (эзофагит) бемории рефлюкс эзофагит, ахалазияи қисмати кардия, захми меъда ва рудаи 12 а.н, бемории крон, колити захмин (язвенный колит),  бемориҳои функсионалии меъдаву рӯда, гепатити музмини ғайривирусӣ, беморихои талхадон, панкриатити музмин, сирози аввалиндараҷаи билиарӣ, бемории вильсон-коновалов, гемохроматоз, гепатити аутоимунӣ, селиакия, сирози ҷигар.

Шуъбаи гастроэнтерологии кӯдакона бо тамоми таҷҳизотҳои замонавии муосир сохта шуда, барои беморон ҳамаи шароитҳо  муҳаё  аст.

Дар шуъба баҳодиҳии ҳолати узвҳои ҳозима бо чунин муоинаҳои диагностӣ асоснок карда мешаванд: Муоинаи эндоскопӣ (фиброгастродуоденоскопия) бо муоинаи ситологӣ ва гистологӣ муаян намудани хеликобактер пилори, муоинаи бактериологӣ, муоинаи фаросавтии узвҳои ковокии шикам бо таҷҳизоти замонавӣ,  муоинаи шуоӣ бо тамографияи компютерӣ контрастӣ, МРТ холангиопанкреатография,  усулҳои функсионалии ташхис, муоинаҳои лабараторӣ  таҳлили биохимиявии хун  бо  спектори липидӣ, муоинаи хун барои хеликобактер пилори, тести нафасии С-13 барои муаян намудани хеликобактер пилори, муоинаи бактериологӣ.

Кормандони шуъба: духтурон 2- нафар духтур (2 нафар дорои дараҷаи 1-ум, собиқаи кори то16 сол), кормандони миёнаи тиб – 11 нафар (4 нафар дараҷаи олӣ собиқаи корӣ аз 22-24 сол, дараҷаи якум 2 нафар, дараҷаи 2    2-нафар, мутахасисони навкор 4 нафар),  кормандони хурди тиб – 13 нафар.