Шуъбаи асаб

Home / Шуъбаи асаб

Шуъбаи асаб

Шуъбаи асаби кӯдакона, ки дар қисми соматикаи кӯдакона ҷойгир аст, дорои 20 кат ва 10 ҳуҷраи табобатӣ мебошад. Дар шуъба барои кӯдакони аз 3 моҳа то 18 сола, ки ба бемориҳои гуногуни ба системаи асаб тааллуқдошта гирифторанд табобатҳои лозима гузаронида мешаванд. Аз ҷумла бемориҳои менингоэнсефалит, бемории саръ ва намудҳои он, невралгияи асаби чеҳра, миастения, ҳолати саръи, полирадикулоневропатияҳо, фалаҷи кӯдаконаи мағзи сари ва намудҳои он, сирингомиелия, сактаи майнаи сар, энсефалопатияҳои перинаталӣ бо фишорбаландии дохили саркоса ва алоими ихтилоҷӣ, дистонияи нашвӣ рагӣ, боқимондаи осеби тавлидӣ, парапарези пойҳо микросефалия, энсефалопатияҳои баъди гипоксикӣ ва ғайраҳо табобат карда мешаванд.

Шуъба  бо таҷҳизоти замонавии электроэнсефалография ва электронейромиография ҷиҳозонида  шудааст. Ин таҷҳизотҳо барои осон намудани ташхис ва табобати бемориҳои системаи асаб хусусан бемории саръ, алоимҳои ихтилоҷӣ ва невропатияву полинейропатияҳо зарурияти хоса доранд.

Дар  шуъба  барои табобати беморон  шароитҳои хуб муҳайё  карда шудааст.  Ҳар як ҳуҷра  аз ду кат иборат буда  бо телевизион, яхдон, DVD, ташноб,  ҳоҷатхона  таъмин мебошад.

Дар шуъбаи мазкур 6 духтури асаб (2 нафар дорои дараҷаи 2 юм, 1 нафар собиқаи корӣ  то 5 сол, 3 нафари дигар мутахассисони ҷавон) , 13 ҳамшираи тиб (2 нафар дорои дараҷаи олӣ,  6 нафар собиқаи кории то 5 сол, 5 мутахасиси ҷавон) ва 12 корманди хурди тиб ба беморон хизмат мерасонанд. Дараҷанокии шуъба 21%-ро ташкил медиҳад.  Шуъба  дорои  дидбонгоҳи шабонарӯзии духтурони асаб мебошад.