Шуъбаи асаб ва фалаҷи мағзи сар

Home / Шуъбаи асаб ва фалаҷи мағзи сар

Шуъбаи асаб ва фалаҷи мағзи сар

Мақсади асосии шуъбаи асаб ва фалаҷи мағзи сар расонидани ёрии махсусгардонидашудаи баландихтисос ба беморони гирифтори бемориҳои асаб ва фалаҷи мағзи сар мебошанд.

Вазифаҳои асосии шуъбаи асаб ва фалаҷи мағзи сар аз инҳо иборат аст:

  • ташхис ва табобати беморони синни 18 сола боло, ки гирифтори бемориҳои асаб ва фалаҷи мағзи сар мебошанд;
  • таъмини иҷрои Протоколҳои клиникии бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида;
  • таъмини иҷрои Барномаҳои миллии соҳави, ки бо фаъолияти шӯъба вобаста мебошанд;
  • дар фаъолияти шӯъба саривақт ҷорӣ намудани усулҳои муосири ташхису табобати беморон;
  • дуруст ба роҳ мондан ва ташкили кори мутахассисони соҳаи тиб;
  • таҳия намудани чорабиниҳо барои беҳтар намудани сифати ёрии ташхисию табобатӣ ва паст намудани оризаҳо ва фавт дар шуъба;
  • дуруст ба роҳ мондани тартибдиҳии ҳуҷҷатҳои тиббӣ аз рӯи мӯҳлат ва шаклҳои муқаррагардида;
  • таҳлили фаъолияти шӯъба, саривақт пешниҳод намудани ҳисобот ба шӯъбаи омории маҷмаа;
  • пеш бурадни корҳои илмию тадқиқотӣ дар шуъба;
  • мувофиқи нақша тайёр намудани мутахассисон, такмили ихтисос ва дараҷанокии кормандони тибби шӯъба;
  • риояи реҷаи санитарию гигиенӣ;
  • риояи қоидаҳои бехатарии сӯхтор;
  • гузаронидани корҳои санитарию фаҳмондададиҳӣ бо беморон.

Кормандони шуъба:

Мудири шуъба: Самиева.М.И. категорияи олӣ.

Табиб: Ишанкулова М.Ф категорияи олӣ.

Табиб: Камолова Х.Т.

Таҷҳизоти тиббӣ:

Монитори пациент

Опарати ИВЛ

Отсос барои тоза кардани роҳи нафас.

Ларингоскоп.