Шуъбаи  ҷарроҳии гӯшу гӯлӯ ва бинӣ 

Home / Шуъбаи  ҷарроҳии гӯшу гӯлӯ ва бинӣ 

Шуъбаи  ҷарроҳии гӯшу гӯлӯ ва бинӣ

Шуъбаи ҷарроҳии гӯшу гӯлӯ ва бинӣ  муассисаи соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб рафта дар бинои замонавии 7 ошёна дар ошёнаи 6-ум дар блоки 6-уми А ва Б, ҷойгир буда, бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ муҷъаҳаз гардонида шудааст. Шуъбаи ҷарроҳии гӯшу гӯлӯ ва бинӣ, дорои 8 ҳуҷраи ду нафара, иборат аз 16 кати хоб  мебошад.   Ҳуҷраи бандинабандӣ, ҳуҷраи доругузаронӣ, ҳуҷраи тамизгардонӣ, ҳуҷраи аудиологӣ, боғӣ зимистона, ошхона, ҳуҷраи мудири шуъба, ҳуҷраи табибон, ҳуҷраи ҳамшираи калон, , либосҷои мардона ва занона мебошад

Дар шӯъбаи ҷарроҳии гӯшу гӯлӯ ва бинӣ бемориҳои  септопластика,  тонзиллоэктомия, тонзиллоаденотомия, тимпонапластика, антромастоидотамия, риносептопластика, чапаргушӣ,  гайморатамия, риналитҳои бинӣ  ва  дигар осебҳои гӯшу гӯлӯ ва бинӣ  ба табобат фаро гирифта мешаванд.

Бемориҳои, ки  узвҳои гӯшу гӯлӯ ва бинияшон ҷарроҳи мешаванд қариб, ки ҳамааш бо тариқи пластика сурат мегирад. Ин роҳ имкон медиҳад,ки  изи пайи ҷарроҳӣ боқи намонад. Инчунин ба бемороне, ки  бо нуқсонҳои модарзод, чапаргушӣ, махкам будани гузаргоҳи гушҳо, ва шаклвайрони бинӣ муроҷиат мекунанд хизмат расонида мешаванд.

Дар шуъба аз навигариҳои тибби муосир ва методҳои амалиётие, ки дар клиника коркард ва қабул карда шудааст, истифода бурда мешаванд,  аз ҷумла,  табобати консервативии, гайморитҳои шадид ва музмин отитҳои шадид ва музмини фасоди, ринитҳои вазаматори, ринитҳои алергики, мезатипанитҳои музмини фасоди, инчунин табобатҳои зиди пастшунавой нейросенсори дутарафа гушвазнини дараҷаи як то чорум, ларингитҳои шадид ва музмин,  табобати физиотерапӣ, яъне маҳси шона ва гардан маҳлулҳои дорувори гирифтан ба устухони чака (прозерин) ингалятсиҳо, ба беморон гузаронида мешавад.

Дар шуъба аз тарафи мудири кафедра, профессору дотсентон ва асистентони кафедраи ҷарроҳии кудакона, анестезиология ва реаниматалогия ДТБКСТҶТ ҳар ҳафта рузҳои душанбе ва шанбе гардиши ҳафтаинагӣ гузаронида шуда, дастуру тавсияҳои клиники дар барномаи табобатии беморон ҳамаруза истифода бурда мешавад.

Дар шуъба усули нави муоина ва табобати гӯшу гӯлӯ ва бинӣ  бо таҷҳизоти нави “микроскопи ва эндоскопӣ”  авдиограмма, инчунин ба монанди лор комбайн, муоина ва табобат   ба роҳ монда шудааст.

Мудирии ин шуъбаро, Нуриддин Қараев – духтури баъди ординатураи клиники, ки собиқаи кории 5-сола дорад  бар душ дорад. Инчунин дар шуъба духтурони ҷарроҳ Айниддин Шарипов, Тоҷулло Олимов ва 8 ҳамшира ба беморон хизмат мерасонанд.