Шуъбаи ҷарроҳии батнии кӯдакона

Home / Шуъбаи ҷарроҳии батнии кӯдакона

Шуъбаи ҷарроҳии батнии кӯдакона

Шуъбаи ҷарроҳии батнии кӯдакона муассисаи соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб рафта, дар бинои замонавии 7 ошёна дар ошёнаи 3-ум дар блоки 6-уми А, Б ва В  ҷойгир буда, бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Шуъбаи ҷарроҳии батни ҳамчун шуъбаи махсусгардонидашуда ба ҳисоб меравад.  Шуъба дорои 10 ҳуҷраи ду нафара  буда, инчунин дорои як ҳуҷраи баъди амалиёти беморон, ҳуҷраи бандинабандӣ, ҳуҷраи доругузаронӣ, ҳуҷраи тамизгардонӣ, боғӣ зимистона, ошхона, ҳуҷраи мудири шуъба, ҳуҷраи табибон, ҳуҷраи ҳамшираи калон, ҳуҷраи хоҷагидор, либосҷойи мардона ва занона мебошад. Мудири ин шуъба, номзади илми тиб, духтури дараҷаи олӣ ки собиқаи кории 22-сола дорад Баротов Абдураҳмон Абдуллоевич мебошад. Инчунин дар шуъба Ашуров Тоҷидин, духтури ҷарроҳ номзади илмҳои тиб, ки собиқаи кории 32-сола дорад, ва  духтури ҷарроҳ, Саломов Қадурдин, ки собиқаи кории 18- сола дорад,  ба беморон хизмат мерасонанд. Дар шуъбаи мазкур 12 –ҳамшира фаъолият мекунанд, ки аз инҳо се нафарашон дараҷаноки доранд. Дар шуъбаи ҷарроҳии батнии кӯдакона беморони зерин табобат меёбанд:

Бемории реши, решҳои меъда ва рудаи 12 – ангушта бо оризаҳои хунравӣ, сӯрохшавии решҳо ва тангшавии даромадгоҳи рудаи 12 – ангушта. Нуқсони модарзодии роҳҳои ҳозима, гардиши нопурраи рудаҳо, синдроми ледда, этерокистома, дучандшавии рудаҳо, бемории пайера, обхалтаҳои маҷроҳи умумии талхабарор.  Бемориҳои эхиноккоки, обхалтаҳои эхиноккокии ҷигар, испурч ва масориқа, обхалтаҳои ковокии шикам, обхалтаи ғадуди ҷигар. Бемории гиршпрунг, долихасигма. Бемориҳои паи, ногузароиши шадиди рудаҳо.

Дар шуъбаи ҷарроҳии батни тамоми муоинаҳои лабараторӣ, R-графияи ковокии батнӣ, ултрасадои узвҳои ковокии батнӣ, допплерографияи рагҳои хунгарди ҷигар, сфинктеромиографияи сурохии маъқад. Фиброгогастродуоденоскопия, колоносопия, томография компютерӣ гузаронида мешаванд. Дар шуъба аз тарафи мудири кафедра, профессору дотсентон ва асистентони кафедраи ҷарроҳии кудакона, анестезиология ва реаниматалогия ДТБКСТҶТ ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе ва шанбе гардиши ҳафтаинагӣ гузаронида мешавад.