Шуъбаи ҷарроҳии қафаси синаи кӯдакона

Home / Шуъбаи ҷарроҳии қафаси синаи кӯдакона

                 Шуъбаи ҷарроҳии қафаси синаи кӯдакона

Шуъбаи ҷарроҳии қафаси синаи кӯдакона муассисаи соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб рафта дар бинои замонавии 7 ошёна дар ошёнаи 4-ум дар блоки 6-уми А ва Б ҷойгир буда, бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ муҷъаҳаз гардонида шудааст. Шуъбаи ҷарроҳии қафаси сина ҳамчун шуъбаи махсусгардонида шуда ба ҳисоб меравад.  Шуъба дорои 8 ҳуҷраи ду нафара мебошад. Як ҳуҷраи баъди амалиёти беморон, ҳуҷраи бандинабандӣ, ҳуҷраи доругузаронӣ, ҳуҷраи тамизгардонӣ, боғӣ зимистона, ошхона, ҳуҷраи мудири шуъба, ҳуҷраи табибон, ҳуҷраи ҳамшираи калон, ҳуҷраи хоҷагидор, либосҷои мардона ва занона, ҳуҷраи бронхоскопӣ. Мудири ин шуъба, духтури дараҷаи олӣ ки собиқаи кории 25-сола дорад Бобохон Юсупов мебошад. Инчунин дар шуъба Давлатов Сайфулло Бобоевич духтури ҷарроҳ, доктори илмҳои тиб, ки собиқаи кории 30-сола дорад, ва  духтур ҷарроҳ Ҳамидов Исмоил Ҳамидович ба беморон хизмат мерасонанд. Дар шуъбаи мазкур 12 –ҳамшира фаъолият мекунанд, ки аз инҳо се нафарашон дараҷаноки доранд. Дар шуъбаи ҷарроҳии қафаси сина беморони

Гипоплазияи модарзодии шушҳо

Бемории бронхоэктатики (Бронхоэктазияи шушҳо)

Ателектазии шушҳо

Деструсияи шадиди бактериалии шушҳо

Сухтани пардаҳои луоби даҳон, гулу, сурхруда бо маҳлули кимиёвии сирко

Тангшавии пайии сурхруда бо маҳлули кислота. Ҳолат баъд аз риштагузаронии сурхруда

Деформатсияи модарзодии қафаси сина

Чурраи модарзодии диафрагмали

Поликистози шушҳо

Кистаи мобайни гардан

Тангшавии хирной

Плеврити эксудативи

Ахалазияи сурхруда

Бемории эхинакокии шушҳо

Рефлукси гастроэзофагиали стенози пептикии сурхруда

Абсеси шуш

Омосҳои имиёнадевор    ба табобат фаро гирифта мешаванд.

Дар шуъбаи ҷарроҳии қафаси сина тамоми муоинаҳои лабараторӣ, R-графияи қафаси сина, ултрасадои узвҳои ковокии қафаси сина, ФВД (фаъолияти вазифаи шушҳо), допплерографияи рагҳои хунгарди шушҳо, фибробронхоскопия, фибробронхоскопияи санатсионӣ, томографияи компютерӣ гузаронида мешаванд. Дар шуъба аз тарафи мудири кафедра, профессору дотсентон ва асистентони кафедраи ҷарроҳии кудакона, анестезиология ва реаниматалогия ДТБКСТҶТ ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе ва шанбе гардиши ҳафтаинаги гузаронида шуда, дастуру тавсияҳои клиникӣ дар барномаи табобатии беморон ҳамарӯза истифода бурда мешавад. Дар шуъба амалиёти ҷарроҳӣ бо усулҳои ҳозиразамон торакопластика бо усули Насса гузаронида мешавад.