Шуъбаи ҷарроҳии қафаси сина ва рагҳои хунгард

Home / Шуъбаи ҷарроҳии қафаси сина ва рагҳои хунгард

Шуъбаи ҷарроҳии қафаси сина ва рагҳои хунгард 

дар ҳаҷми 14 кат (11 кати алоҳида ва 3 кати палатаи эҳё), дар ошёнаи 6 -уми блоки 5 Б ҷойгир аст. Шуъбаи мазкур воҳиди сохтори, Маҷмааи тандурустии Истиқлол” буда, барои расонидани ёрии махсусгардонидашудаи баландихтисос ба беморони гирифтори бемориҳои ҷарроҳии кафаси синаву рагҳо ташкил карда шудааст. Ёрии мазкур нақшавӣ ва фаврӣ шуда метавонад.

  1. Мақсади асосии шӯъбаи ҷарроҳии қафаси сина ва рагҳо расонидани ёрии махсусгардонидашудаи баландихтисос ба беморони гирифтори бемориҳои ҷаррроҳии қафаси сина ва рагҳо мебошанд.
  2. Вазифаҳои асосии шуъбаи ҷарроҳии қафаси сина ва рагҳо аз инҳо иборат аст:
  • ташхис ва табобати беморони аз синни 18 сола боло, ки гирифтори бемориҳои ҷарроҳии қафаси сина ва рагҳо мебошанд;
  • таъмини иҷрои Протоколҳои клиникии бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида;
  • дар фаъолияти шӯъба саривақт ҷорӣ намудани усулҳои муосири ташхису табобати беморон;
  • дуруст ба роҳ мондан ва ташкили кори мутахассисони соҳаи тиб;
  • таҳия намудани чорабиниҳо барои беҳтар намудани сифати ёрии ташхисию табобатӣ ва паст намудани оризаҳо ва фавт дар шуъба;
  • пеш бурадни корҳои илмию тадқиқотӣ дар шуъба;
  • мувофиқи нақша тайёр намудани мутахассисон, такмили ихтисос ва дараҷанокии кормандони тибби шӯъба;
  • риояи реҷаи санитарию гигиенӣ;
  • гузаронидани корҳои санитарию фаҳмондададиҳӣ бо беморон.