Шуъбаи анатомияи паталогӣ

Home / Шуъбаи анатомияи паталогӣ

Шуъбаи анатомияи паталогӣ

Вазифаҳои асосии шуъбаи анатомияи патологӣ иборат аз такмил додани ташхиси барҳаётии бемориҳо тариқи тадқиқотҳои биопсиявӣ ва маводҳои ҷарроҳӣ, омӯзиши натиҷаҳои ташреҳи беморони фавтида; таъмини маълумоти боэътимод оиди сабабҳои марг дар назди омори давлатӣ; баланд бардоштани тахассуси кормандони соҳаи тандурустӣ, расонидани ёрии тиббӣ ба беморон мебошад.

Шуъбаи мазкурро Абдуназаров Шодиҷон Абдукаримович, ки собиқаи зиёда аз 10 солаи фаъолият дар низоми экспертизаи тиббӣ-судиро дорост бар душ дорад.

Инчунин муайян кардани хусусияти раванди  патологӣ дар маводҳои ташреҳӣ, ҷарроҳӣ ва биопсиявӣ.

Муайян намудани бемориҳои зудгузаранда дар маводҳои ташреҳӣ, ҷарроҳӣ ва биопсиявӣ.

Муайян намудани сабаб ва механизми марги бемор бо муайян намудани хусусият ва пайдоиши беморӣ.

Муҳокимаи муштарак бо табибони табобатӣ оиди натиҷаҳои ташреҳи ҷасад, омӯзиши маводҳои гистологӣ ва кӯмаки машваратии доимӣ доир ба бемориҳо.

Таҳлили сифати кори ташхисӣ ва табобатӣ дар якҷоягӣ бо табибони муолиҷавӣ, бо муқоисаи маълумоти клиникӣ ва ташхиси патолого-анатомӣ.

Ҷамбаст ва таҳлили натиҷаҳои кории шуъбаи анатомияи патологӣ бо муҳокимаи ҳатмии он бо ҷомеъаи тибии беморхона (беморхонаҳои хизматрасонидашаванда) ва мақомоти тандурустии дахлдор.

Бо мақсади ҳалли вазифаҳои асосӣ, кормандони шуъбаи анатомияи патологӣ муоинаи  макро ва микроскопӣ, лозим бошад омӯзиши маводҳои аз ҷасад барои таҳлили бактериологӣ ва кимиёвӣ гирифташуда, инчунин гузаронидани омӯзиши маводҳои ҷарроҳӣ ва гистологии маводи биопсиявӣ (ҳар як лавҳачаи тадқиқотӣ, бояд сабт ва таҳти рақами инфиродӣ қарор дошта бошад) ва маводҳои ташреҳиро ба анҷом мерасонанд. Бо мақсади омода намудани табибони анатомияи патологии доираи васеъи тахассусӣ, ки дар марказҳо фаъолият менамоянд, тавсия дода мешавад, ки табибон дар бахшҳои гуногуни шуъба (умумӣ, сироятӣ, патология кўдакон,  озмоишҳои биопсиявӣ) малакаи тахассусии худро такмил диҳанд. Бо мақсади корӣ, кормандони шуъбаи анатомияи патологӣ метавонад аз утоқҳо ва шуъбаҳои ёрирасони беморхона (ҳуҷраи рентгенӣ, лабораторияи клиникӣ, ва ғ.), истифода баранд.

Тартиби қабули ҷасадҳо аз шуъбаҳои беморхона, маводи ҷарроҳӣ ва биопсиявӣ, инчунин қабули маводҳо аз муассисаҳои тиббии дигар барои ташреҳи ҷасад ва тадқиқоти биопсияҳои таъҷилӣ, тартиби додани шаҳодатномаҳои тиббии оиди фавт ва тартиби ба хешовандони марҳум супоридани ҷасадро, дар ин шуъба роҳандозӣ гардидааст.

Шуъбаи анатомияи патологии (шуъбаи марказонидашудаи анатомияи патологӣ) метавонад ҳамчун пойгоҳи таълимӣ барои такмили ихтисоси табибони анатомияи патологӣ, экспертони тиббӣ-судӣ ва кормандони миёнаи тиб фаъолият барад.

Шуъбаи муттамарказонидашуда  саривақт гирифтани маводҳои тадқиқотӣ ва дастрас намудани натиҷаҳои тадқиқотиро ба муассисаҳои муолиҷавии хизматрасонишуда таъмин менамояд. Барои таъмини интиқоли маводҳо, шуъбаи муттамарказонидашуда  бо нақлиёти санитарӣ таъмин гардидааст.