Шуъбаи аллергологӣ ва иммунологӣ

Асосӣ / Шуъбаи аллергологӣ ва иммунологӣ

Шуъбаи аллергологӣ ва иммунологӣ

Шуъба дар ошёнаи 4-ми бинои №7 Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ҷойгир буда,  иборат аз 10 ҳуҷра ва 20 кати хоб, ҳуҷраҳои доругузарони ва ҳуҷраи  иммунологӣ, утоқи мудири шуъба, ҳуҷраи табибон, толори бозиҳо, ошхона ва дигар  ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Вазифаи асосии шуъбаи аллергологӣ ва иммунологӣ  ин табобати бемориҳои  аллергологӣ  ба шумор меравад.

Дар шуъба 1 дастгоҳи нибулайзер (Ингалятор ) бо мақсади табобатию ташхисӣ истифода мешаванд. Дар шуъба дастгоҳои гузаронидани муоинаҳои тиббӣ ва ташхиси ба монанди танометр, пулоксиметр, отоскоп, офталмоскоп ва ғайраҳо ба пуррагӣ ҷой дорад. Ҳамчунин дар шуъба шароитҳо барои гузаронидани ташхисҳои аллергологӣ мавҷуд мебошад. Дар ҳақиқат солҳои охир маҷмуи беморони аллерголоҷӣ зиёд шудаанд.

Дар шуъба ҳамагӣ 16 нафар кормандон фаъолият доранд. Аз онҳо 2 нафар табибон, ҳамшираҳои тиббӣ 7 нафар ва ҳамшираҳои хурди тиб 7 нафар мебошанд. Дараҷанокии ихтисоснокии кормандон – мудири шуъба Салимов Хайрулло  — Аълочии тандурустӣ буда, дараҷанокии 1-ум ихтисоснокӣ  дорад. Сарҳамшираи шуъба  Исмоилова Ҳ. Ҳ. дорои дараҷанокии Олии ихтисоснокӣ  мебошанд.  Дараҷанокии табибон 50% ва ҳамшираҳои тиббӣ 57 %-ро ташкил медиҳад. Аксарияти кормандонро ҷавонон ташкил медиҳанд.