Шуъбаи қабул

Home / Шуъбаи қабул

Шуъбаи қабули қисми бемориҳои соматикии кудакона

яке аз шуъбаҳои асоси ба ҳисоб меравад. Ба шуъбаи қабул ҳама кудаконе, ки аз бемориҳои гуногун ранҷ мекашанд муроҷиат мекунанд. Кудакони аз синни 3 моҳа то синни 17 сола инчунин 29 рӯза қабул карда мешавад. Вазифаҳои асосии шуъбаи қабул аз инҳо иборат аст. Қабули беморон дар ҳама ҳолатҳо, қабули беморон ва ёрии аввалия расонидан, ҷо ба ҷо кардани беморон ва ба беморхонаҳои соҳави фиристонидани онҳо, гузаронидани таҳлилҳои лаборатории (хун ва пешоб), гузаронидани аксҳои рентгени ва фаросавти.
Дар шуъбаи мазкур таҷҳизотҳои нодир аз қабили ингалятори ултразуддӣ (высокочастотный), дастгоҳи сабти барқии кори дил, дастгоҳ барои таъмини оксигени нарм бо фишори мусбии мунтазам дар ҳуҷраи сузангузарони, ҳуҷраи детоксикатсиони ва ҳуҷраи филтр, ҳавокашаки барқӣ, линеомат барои гузарондани тазриқаҳои воягӣ, дастгоҳи деворӣ барои муоинаи беморони гӯш гулу ва бинӣ, пулсоксиметр, тарозуи электронӣ барои кӯдакони синни бармаҳал ва барои кӯдакони калонсол, велобег, сфигмамонометр, инфузор ва неготоскоп таҷҳизонида шудааст.
Барои беҳтар намудани кори шуъба духтурони шуъба кушиш менамоянд, ки ба беморон аз рӯи дастурамалҳои вазифавии тасдиқ шуда ва дастури клиникӣ оид ба ташхис ва табобатҳое, ки аз тарафи ВТ ва ҲИА ҶТ, аз «25»июли соли 2014 таҳти № 574 тасдиқ шудааст кор мегиран. Барои пешрафти фаъолияти кории шуъбаи қабул муомила ва муоширати хуб ба роҳ монда шудааст. Дар ҳолатҳои таъҷили духтурони пуртаҷриба, ки собиқаи бойи кори доранд, бо истифода аз таҷҳизотҳои муосир ёрии аввалияи тиббии хешро мерасонанд. Аввал дар шуъба ёрии авалин расонида шуда, таҳлилҳои оҷили гузаронида мешавад, баъд ба муассисаҳои соҳави равон карда мешавад.
Дар шуъбаи қабул 49 нафар кормандон кор ва фаъолият мекунанд. Аз ҷумла 19 нафар духтурон, ки аз онҳо 7 нафараш духтури дараҷаи олӣ, 3 нафараш аълочии тандурустии ҶТ, 3 нафар духтурони дараҷаи якум ва дараҷаи 2-юм, инчинун 8-нафар мутахасисони ҷавон мебошанд.