Шарипов Уктам Алиҷонович

Асосӣ / Шарипов Уктам Алиҷонович

Шарипов Уктам Алиҷонович 28-уми январи соли 1982 дар ш.Душанбе дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1989 дар мактаби миёнаи №78-и ш. Душанбе таҳсилро оғоз намуда, соли 1999 онро хатм намудааст. Шуруъ аз ҳамон сол ба ДДТТ дохил шуда, аз паи гирифтани ихтисос шуд. Соли 2005 ба магистротураи рӯзонаи кафедраи ташхисӣ дохил шудааст. Баъди хатми магистротура ҳамчун табиб ба шуъбаи ҷарроҳии рентген-эндоваскуляри дар маркази илмии тадқиқотии бемориҳои ҷарроҳии дилу рагҳо дар ш.Душанбе ба фаъолият шуруъ кардааст. Номбурда дар кишварҳои мухталиф аз ҷумла Федератсияи Росия, Қазоқистону Қирғизистон такмили ихтисос гузаштааст.

Шарипов Уктам Алиҷонович-аз 07-уми июни соли 2016 ба ҳайси  табиби ҷарроҳи рентген-эндоваскулярии шуъбаи ҷарроҳии рентген-эндоваскулярии қисми ташхисгоҳи МТИ ба ҳайси мудири шуъба кор ва фаъолият карда истодааст.

Оиладор соҳиби 3 фарзанд.