Шуъбаи варзишдармон

Home / Шуъбаи варзишдармон

Шуъбаи варзишдармонӣ

Шуъбаи варзишдармонӣ яке аз шуъбаҳои Ташхисгоҳи Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” воҳиди сохтории он ба ҳисоб рафта, барои расонидани ёрии тиббии варзишии босифат ва баландихтисоси машваратӣ клиникӣ ва табобатии дармонгоҳӣ ба эҳтиёҷмандон бо истифода аз технологияҳои варзишии муосир ташкил карда шудааст.

Ёрии варзишдармонӣ  яке аз намудҳои ёрии тиббии варзишии махсусгардонидашуда мансуб ёфта, бо аксарияти бемороне, ки дар табобати статсионарӣ, амбулаторӣ, дармонгоҳӣ, минтақавӣ қарор доранд, хизмат расонида мешавад.

Шахсоне, ки аз фарбеҳи, беморҳои тарбод, буғумҳо бемории нимфалаҷ ва фалаҷи асаб, фишорбаланди, барқароркунии сактаи қалб ва майнаи сар,  чурра дар сутунмуҳра, осеби бадан, ҳолатҳои бади садама, пешгирии скалиоз каҷшавии сутунмуҳра азият мекашанд, шуъбаи варзишдармонӣ бо беҳтарин таҷҳизотҳои ҳозиразамон ва дастурамали табибоне, ки собиқаи хуби кори доранд табобат карда мешаванд.