Шуъбаи табиатшифои

Home / Шуъбаи табиатшифои

Оиди барқароркунии саломатии беморон дар шуъбаи табиатшифои

Усулҳои табобати табиатшифои (физиотерапия) ва варзиши муолиҷавӣ ҳангоми табобати бемориҳо ва садамаҳои гуногун, инчунин барои барқароркунии саломатии беморон солҳои охир тибқи пешравии илму техника ва технологияи муосир ҳарчи бештар мавриди истифода қарор гирифта истодааст. Усулҳои табобати табиатшифои ба бемороне, ки нисбат ба доруҳо ҳассосияти баланд зоҳир мекунанд, нақши бузург дорад. Пешрафти илму техника шароити зисти мардумро таъғир дода,  дар баробари ҷиҳатҳои мусбат таъсироти манфиеро  низ ба бор овард, мисли гипокинезия, ки дар натиҷаи маҳдуд кардани ҳаракати инсонҳо ва пайдо шудани гиподинамия-суст шудани қуввати мушакҳо, таҳрикоти афзояндаи асабиву равонӣ, паҳн шудани одатҳои зарарнок. Аз ин лиҳоз истифода бурдани усулҳои мазкур бар зидди гипокинезия равона шуда, махсусан ҳангоми бемориҳои дилу рагҳо ва мубодилаи моддаҳо омилҳои хатарнокро кам мекунад. Усулҳои табиатшифоӣ ва варзиши шифоӣ, усулҳои нисбатан физиологии табобат ба ҳисоб рафта,  дар организм равандҳои кимиёвӣ, физикӣ ва биологиро қувват бахшида сатҳи хусусиятҳои имунобиологиро баланд мебардорад. Дар ҳар як намуди беморӣ усули махсуси табиатшифоӣ ва варзиши муолиҷавӣ ба кор бурда мешавад.

Бо истифода аз ҷараёни электрики нишондодҳои муолиҷа 

  • Дардманди шадид ҳангоми зарарёбии системаи асаби префирикӣ (остеохондрози сунутунмӯҳра, протрузия ва чурраи диски сутунмӯҳра, невралогия, полиневропатия, плекситҳо, радикулитҳо, невритҳо);
  • Бемориҳо ва зарарёбии системаи такяву ҳаракаткунӣ (миозит, периартрит, артроз, латхӯрӣ, бемории Рейно, сустшавии ҳаракат дар буғумҳо  баъд аз садама ва амалиёти ҷарроҳӣ);
  • Бемориҳои узвҳои ҳозима (гастрит, бемории реши меъда ва рӯдаи 12-ангушта, колит, дискинизияи роҳҳои сафро, панкреатит, синдроми Демпинг);
  • Бемориҳои узвҳои нафаскашӣ (пневмония, бронхит, плеврит, астмаи бронхиалӣ);
  • Бемориҳои музмини узвҳои таносулии занона;
  • Манъшавӣ ва дошта натавонистани пешоб, энурез, импотенсия, простотит;
  • Марҳилаи аввали бемории фишорбландӣ, дарди асабҳои нисфи сар – мигрен;
  • Бемориҳои облитератсионии инсидодии рагҳои хунгарди пойҳо;
  • Бемориҳои музмини гӯшу гулӯю бинӣ;
  • Дерамтозҳои хоришӣ, пайҳои баъди ҷарроҳӣ ва баъди захмии келлоидӣ ва ғайра.

Садама ва бемориҳои асабҳои канорӣ, бемориҳои асаби вегетативӣ, бемориҳои асаб дар намуди нимфалаҷҳо ва фалаҷҳо, бемории фишорбаландии дараҷаи 1 ва 2, бемории ишемикии дил, атеросклероз, дигар бемориҳои рагҳои хунгард, бемориҳои узвҳои ҳозима, халалёбии мубодилаи чарбҳо, диабети  қанд,   бемориҳои роҳҳои нафас, артрити ревматоидӣ, артрозҳо, бемориҳои музмини узви таносули занона, импотенсия, простатит, бемориҳои чашм ва ғайраҳо…

Ахамияти калонро дар эффекти терапевтии УВЧ таъсири рефлектории УВЧ дорад, асосан ҳангоми таъсири дардпасткунӣ.

Нишондод: Равандҳои шадиди илтихоби ва фасоди дар пуст ва зери пуст, беморихои илтихоби ва травматикии буғумҳо, мушакҳо, устухонҳо, полиомелит, невралогия, захмҳо, астмаи бронхиали, бемории бронхоэктатики, думали шуш, бемориҳои рагии андомҳо, ангинаи шадид, синуситҳо ва ғайраҳо.

Нишондод барои истифодаи магнитдармонии баландбасомад, индуктотермия ин равандҳои шадиду музмини илтихоби, холати спастикии мушакҳои дарозруя ва суфта. Инчунин мешаванд ҳангоми гастроспазмҳо, дискинезияи роҳҳои талхагузар, кашишхури рудахо ва ғайра.

Таъсири зидди  спастикии ҷараёни Дарсонвал ва сфинктерҳоро барҳам дода, ҳисси дардро, ки аз сабаби кашишхурии (спазм) ба вуҷуд меояд, паст мекунад.

Инчунин мушохида мешавад баланд шудани мубодилаи бофта. Дар зери таъсири маҳалли Дарсонвал суръати инкишофи бофтахои гранулятсиони меафзояд.

Хангоми дарсонвализатсияи умуми мубодилаи моддахо зиёд шуда, системаи марказии асаб таъсири оромкунанда мебахшад. Дар бемороне, ки маркази фишорбаланди (гипертония) доранд, фишори артериоли паст шуда, гардиши хун дар сар кам шуда, ғалоғула дар гушҳо ва сарчархзанӣ ба вуҷуд меояд.

Нишондод барои нурҳои дидашаванда  ва инфрасурх:

  1. Раванди илтиҳоби ғайри фасоди, асосан ҳангоми оғозёбии илтиҳоб.
  2. Латхурии буғуму мушакҳо.
  3. Илтиҳоби музмин.

Боз шуозониро барои хушк кардани захм, ҳангоми табобати кушода сухтагӣ. 2 намуди лампаҳои инфрасурхро истифода мебаранд: дар штативи  пайваст кардашуда ва болои мизӣ. Проседура ҳарруз ё дар як руз ду бор  5-20 дақиқа, дар курси табобат аз 5-6 то 10-15 просидур давом мекунад.

Озокерит ин  муми кӯҳӣ буда дар Туркманистон бисёртар меруяд.  Дар ғарби Украина ва дигар минтақаҳо, ки нефт доранд бо муми кӯҳӣ бисёртар во хурдан мумкин. Озокерит моддаи мураккаби кимиёвӣ мебошад, ки дар таркибаш карбогидратҳо, чарб, смол, ва дигар микроэлементҳо мавҷуд аст.

Таъсири муолиҷавии озокерит аз хосиятҳои физикию кимиёвӣ вобаста аст.  Озокерит дар худ гармиро нигоҳ медорад ва намегузаронад.

Ба таъсири гармии озокерит бо хун таъминкунии минтақаҳои истифода шаванда, зиёд шуда клаппанҳои зиёдатии онҳо кушода мешаванд. Гардиши хун ва лимфаро ба танзим медарорад.

Усули асоси муолиҷа бо озокрит ин усули кюветноаппликатсионӣ мебошад.

Нишондод барои истифодаи озокерит.

Бемориҳои узвҳои ҳаракат, шикастаи устухонҳо, остеомилит, решҳои трофикӣ, радикулитҳо, невритҳо, фалаҷ, бемориҳои илтиҳобии музмини узвҳои ковокии шикам ва бемориҳои узвҳои таносул нишондод барои истифодаи озокерит  мебошанд.

Табобат бо об ба ду қисми мустақил тақсим мешавад:

  1. Гидротабобат
  2. Балнеотабобат

Гидротабобат – бо мақсади шифобахшӣ  истифодабарии оби бенамак ҳам дар ҳолати тоза ва ҳам бо илова намудани маводҳое, ки таъсири онро ба бадан пурзӯр менамоянд  (хвойный экстракт,  скипидар, хардал ва ғайра).

Асоси таъсири қоидаҳои табобат бо об ин механизмҳои асабӣ-рефлекторӣ аст. Об танҳо як омилест, ки ба воситаи он барангезандаҳои гуногун расонида мешаванд (ҳароратӣ, механикӣ, химикӣ). Пӯсти инсон ин худ як майдони калони ретсепторист, ки ин барангезандаҳоро ҳис мекунад.

Ваннаҳо

Ваннаҳои гармро (37-38 дараҷа) дар бисёр ҳолатҳои патологии бадан ба хотири оромкунӣ, зиддиташаннуҷӣ ва ҳалкунии варамҳо истифода мекунанд.

Ваннаҳои кӯтоҳмуддати салқин – аз бадан гармиро фурӯ бурда мубодилаи моддаҳоро хуб менамоянд. Онҳоро бо мақсади обутобдиҳии бадан истифода мекунанд.

Ваннаҳои тафсон – гармиро дар бадан нигоҳ дошта мубодилаи моддаҳоро зиёд намуда гардиши хунро беҳтар менамоянд.

Ваннаҳо бо истифодаи маводҳои доругӣ аз ҷумла  калий перманганат, ихтиол, скипидар, танин.

 

Ваннаҳои маҳси зериобӣ – гардиши хун, лимфа  ва мубодилаи моддаҳоро дар организми инсон беҳтар  намуда, хориҷшавии моддаҳои заҳролуд ва нолозимро аз организм метезонад, имунитетро баланд бардошта пустро тоза ва маҳин мегардонад, инчунин дар мубориза барои селюлит ва фарбеҳӣ ёри мерасонад, асабро ором намуда фишорро паст менамояд.

Истифодаи машқҳои ҷисмонӣ  дар доираи усули варзиши табобатӣ  ба механизми асабҳо  ва  гуморалҳо  таъсир мерасонад, фаъолияти  системаи хунгардро  мӯътадил мегардонад.

Варзиши ҷисмонӣ – усули фаъоли терапеяи функсионалист. Машқҳои мувофиқи  меъёри иҷрошаванда, ки мунтаззам иҷро карда мешаванд, қисматҳои алоҳидаи ҷисми инсонро машқ дода мувофиқшавии онҳоро   давра ба давра зиёд мекунад. Яке  аз хусусиятҳои  дигари усусли варзишӣ табобати риояи  ҳадди муайяни машғул шудани бемор ба машқҳои ҷисмонӣ  мебошад.

Лозим аст, ки машқҳои ҷисмонии ба таври умумӣ ва ё  алоҳида иҷрошавандаро фарқ  намоем.

Иҷро намудани машқҳои алоҳидаи варзишӣ  масъалаи барқарор намудани фаъолияти (функсияи) узвҳоеро, ки ҳангоми беморӣ  осеб дидаанд, иҷро менамояд. Бо ин мақсад  намудҳои гуногуни машқҳои ҷисмонӣ  ба роҳ монда шудааст, ки бевосита ба қисмати осебдидаи  ҷисм таъсир мерасонанд. Бисёре аз ин машқҳо бо ёрии дастгоҳҳо гузаронида мешаванд, ки дар шуъбаи табиатшифои ва варзишдармонии қисми Ташхисгоҳ мавҷуданд (дастгоҳҳои ҳаракатдиҳандаи мустақими буғумҳо, степпер барои ҳаракатдиҳии пойҳо, велотренажерҳо ва ғайра.

Вазифаҳои варзиши муолиҷавӣ дар марҳилаҳои беморхонавӣ.

  1. Таъсири мусби расонидан ба ҳолати руҳии бемор.
  2. Фаъолноккунии хунгардиши канорӣ.
  3. Паст намудани тарангии мушакҳои сегментарӣ.
  4. Пешгирии вайроншавии функсияи меъдаю рӯда инкишофи пневмония (илтиҳоби шуш), гипотрофияи мушакҳо ва артрози буғуми китф.
  5. Фаъол намудани системаи зидди лахташавии хун.
  6. Беҳтаркунии ҷараёнҳои трофики зиёдкунии маҷрои капилярҳо анастамозҳо ва коллатералҳо дар миокард.
  7. Баланд намудани вазифаи системаи нафаскашӣ.
  8. Оҳиста-оҳиста баландкунии мутобиқшавӣ ва одаткуни ба зӯрбори маишӣ.

МАҲСИ МУОЛИҶАВӢ

Усулҳои муолиҷа ва пешгирии беморӣ, маҷмуи қабули воявии таъсироти механикиро ба ҳар гуна минтақаҳои сатҳи бадани инсон дорро аст, ки тавассути дастони маҳсгар ё дастгоҳи махсус гузаронида мешавад. Маҳс аз ҷиҳати илмӣ тиб асоснок шудааст, аз рӯи санҷиши таҷрибаи бисёрсола  маводи таббии барои солимгардонидани организми инсон бисёр муфид мебошад. Онро бо мақсадҳои пешгирикунанда-барои устувории умумии организм, инчунин дар соҳаҳои тиб: ҷарроҳӣ, гинекология, терапия, неврология ва ғайра истифода мебаранд. Маҳси муолиҷавиро метавон ба усули ягона ва якҷо бо дигар усулҳои муолиҷавӣ истифода намуд.

Маводҳое, ки барои маҳс истифода мешаванд (крем, гелҳо, малҳамҳо)

Барои пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои гуногун малҳамҳои махсусро истифода менамоянд, ки аз ҳисоби дар таркибашон доштани компанентҳои махсус ба мушак ва бофтаҳо тасъири мусбат мерасонанд. Малҳамҳои зиддиилтиҳобӣ дар худ равғанҳои ороишоти, гепарин (конский каштан), орнику, равғани эфирӣ доранд. Малҳамҳои пурхункунанда дорои кислотаи никатин, метилсалиселат, калсфор, капсисин, заҳри мор ва занбӯр мебошад, онҳо ба васеъшавии рагҳо ва фаъолшавии хунгардии мушак таъсир мерасонанд. Малҳамҳои барои бартарафнамоии дардҳо, тезтар барқарарсозии бофтаҳои осебёфта ва баландсозии ҳарорати бофтаи маҳсгардида истифода мешаванд. Ҳангоми кор бо варзишгарон малҳамҳои зерин истифода мешаванд: финалгон, дилпик, никофилекс, венорутон ва ғайраҳо. Бо мақсади пешгири ва муолиҷаи осебҳо ва бемориҳои дастгоҳи такяву ҳаракат малҳами зиддиилтиҳобӣ ва пурхунсозанда якҷоя бо ҳамдигар истифода мешаванд.

Таъсироти маҳс ба организм

Дар асоси таъсироти маҳс шароитҳои мураккаби байниҳамдигарии рефлекторӣ, нейрогуморалӣ, нейроэндокринӣ ва равандҳои мубаддалшавӣ, ки системаи маркази асаб ба танзим медарорад, дохил мешавад. Марҳилаи аввали ин гуна механизмҳо реаксияҳои ангезиши маоноретсепторҳои пӯст ва ҳосилшавии энергияхои ангуштҳои механикӣ ба импулсҳое, ки ба системаи маркази асаб равона аст иборат мебошад. Реаксияи ҷавобӣ раванди ангезишёбӣ ва боздориро ба системаи маркази асаб ба меъёр медарорад, дардро кам менамояд ва гардиши хуну лимфаро беҳтар месозад. Натиҷаи таъсироти маҳс ба организми инсон аз дараҷаи он равандҳое, ки айни ҳол дар СМА ба вуҷуд меоянд, вобастагӣ дорад: Ангезишёбӣ ё боздорӣ, инчунин аз маҳс низ, хусусияти қабули он ва ғайра чизҳои дигар. Дар вақти маҳс намоӣ ба ғайр аз омилҳои асабӣ, омилҳои гуморалиро низ ба назар бояд гирифт. Дар зери таъсироти маҳс дар пӯст моддаҳои фаъоли биологӣ ҳосил мешавад, ки ба хун ворид мешавад ва тавассути онҳо реаксиҳои рагӣ, гузарониши инпулсҳои асабӣ ва дигар равандҳо ба амал меояд. Дар зери таъсироти маҳс тез ҳосилшавии гистамин ва маводҳои гистаминмонанд ба амал меояд. Як ҷо бо маҳсули таҷзияшавии сафедаҳои онҳо ба тамоми организм паҳн мешаванд ва таъсироти хунро ба рагҳо, узвҳои дохили ва дигар системаҳо мерасонад. Гистамин ба ғадуди болои гурда таъсир намуда, ба  ҷудошавии адреналин мусоидат менамояд.

Асетилхолин нақши миёнрави фаъол дар вақти гузариши ангезишҳои асабӣ аз  як ҳуҷайра ба ҳуҷайраи дигаро мебозад, ки шароити хушро барои фаъолияти мушакҳои скелети   фароҳам месозад. Ғайр аз ин атсетилхолин  қобилияти, васеънамоии шароитҳои хурд ва ангезиши нафаскаширо низ доро аст. Таъсиррасонии маҳс ба организми инсон- ин механикӣ аст, ки ба шакли ёзиши, омехташавӣ, фишор, ки ба пурзӯршавии гардиши лимфа, хун, моеи байни бофтавӣ, нестнамоии эпидермис кандашуда ва ғайра оварда мерасонад. Таъсироти механикӣ ҳангоми маҳс зуҳуротҳои бозистии организмро бартараф намуда, мубодилаи модда ва нафаскашии пӯстро дар ҷойи иллатёфтаи қисмати бадан беҳтар месозад.

Нишондод барои маҳс

  • Бемориҳои системаи дилу рагҳо
  • Бемориҳои узвҳои нафаскашӣ.
  • Осебҳо, бемориҳои дастгоҳи такяву ҳаракат.
  • Бемориҳо ва иллати системаи асаб.
  • Бемориҳо ва иллати узвҳои ҳозима, ки дар марҳилаи (фазаи) хуруҷ нестанд.
  • Бемориҳои илтиҳоби узвҳои ҷинсии мардона ва занона дар марҳилаи зершадид ва музмин.
  • Бемориҳои пӯст.
  • Бемориҳои гӯшу гулӯ, бинӣ ва чашм.
  • Вайроншавии мубодилаи модда.