Шуъбаи даруннигари

Home / Шуъбаи даруннигари

Шуъбаи даруннигари

Шуъбаи даруннигари дар бинои №2 ошёнаи 4-ум ҷойгир буда, аз ҳуҷраҳои бронхоскопи (шушнигари) барои хурдсолон, барои калонсолон, гастроскопи (меъданигари) барои хурдсолон, барои калонсолон, колоноскопи (рудаигафснигар) барои хурдсолон, барои калонсолон иборат мебошад.

Шуъбаи мазкур барои табобати бемориҳои гуногун аз аз қабили

  1. Гастрити сатҳӣ
  2. Гастрити музмин
  3. Эрозияҳои тоқа
  4. Эрозияҳои зиёд
  5. Захми меъда
  6. Захми рудаи 12 ангушта
  7. Полипи меъда
  8. Полипи рудаи 12 ангушта
  9. Омоси меъда
  10. Омоси рудаи 12 ангушта
  11. Хунрави аз меъда
  12. Ҷисмҳои бегона
  13. Хунрави аз рудаи 12 ангушта
  14. Бронхити фасоднок
  15. Бронхити катарали
  16. Бронхоэктазҳо
  17. Нуқсонҳои модарзодии нойҳои шуш
  18. Полипҳои роҳҳои болоии нафас
  19. Полипҳои роххои поёнии нафас
  20. Омоси шушҳо
  21. Аломатҳои сили шуш бо истифода аз таҷҳизотҳои муосири тиббӣ ба беморон хизмат мерасонад.

Ҳоло 3-таббиби даруннигар дар шуъба кор карда истодаанд.

  1. Мудири шуъбаи даруннигари – Тиллоев А.И., духтури тахассусаш Олӣ, номзади илми тиб, дар соҳаи даруннигарӣ  зиёда аз 28 сол собиқаи меҳнатӣ дорад.
  2. Духтури дигари даруннигар омузгори кафедраи ҷарроҳ духтури тахассусаш Олӣ, номзади илми тиб Мирзоев А.Ф., фаъолият карда истодаанд.
  3. Дар шуъбаи даруннигари 4 – хамшираи тиб ба муроҷиаткунандогон хизмати шоёни худро мерасонанд.
  4. Шуъбаи даруннигари ба ғайр аз ташхиси беморон дар оянда табобат бо воситаи дастгоҳҳои даруннигари ба монанди шустани нойҳои шуш ва меъда пешбини шуда истодааст. Инчунин гузаронидани баронхография ба воситаи бронхоскоп низ имкон дорад.