Сабаб ва пайдоиши Вируси норасоии масунияти одам дар чист?

Home / Сабаб ва пайдоиши Вируси норасоии масунияти одам дар чист?

Савол ба мутахассиси соҳаи тиб Лола Шавкатовна

Сабаб ва пайдоиши Вируси норасоии масунияти одам дар чист?

        ВНМО (ВИЧ) – Ин вируси норасоии масунияти одам мебошад. Ба оилаи   вирусони   иртиҷоӣ   (Retroviridae),   ҷинси   лентивирусҳо  (Lentivirus)   дохил   мешавад. Номи  Lentivirus  аз  мазмунӣ  калимаи лотини lente-сустӣ  асос  ёфтааст.

        Барои  лентивирусҳо  инчунин давраи  дурударози ниҳонӣ  хос  астВНМО–аз  ҳама вируси  омухташуда  дар  ҷаҳон мебошад. Одамони бо  ВНМО  зиндагикунандаро,  инчунин   ВНМО – мусбӣ  (мусбӣ +), ё  ин  ки мубталои  ВНМО меноманд.

ВНМО – соли 1983  дар  ду лабаратория  аз ҳамдигар   новобаста кашф  гардидааст.

  • Дар  Институти  Пастер  дар Фаронса  таҳти роҳбарии  Люк  Монтанье.
  • Дар Институти  миллии бемориҳои  саратон  дар  ИМА  таҳти роҳбарии  Роберт  Галло.

        Тадқиқотчиён  пешниҳод  намудандки вирусҳои  аз  ҷониби  онҳо  ҷудошуда метавонанд  боиси гирифтории Бемории пайдошудаи норасоии масуният (СПИД)  гардандДар  соли 1986 маълум  гардидки вирусҳои  аз ҷониби  муҳаққиқони  Фаронсавӣ  ва Амрикоӣ  дар  соли  1983 кашфнамуда комилан ба  ҳам  мутобиқандНахустноми  вирусҳо бекор карда  шуда, як  номи  умумӣ ВНМО  пешниҳод  карда  шуд.

Роҳҳои гузариш

1) Тамос бо хун (ҳангоми истифодаи сузандоруҳо, хунгузаронӣ, таҷҳизотҳои тиббии тамизношуда)

2) Алоқаи ҷинсӣ (ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсони бегона бе истифода аз рифола)

3) Аз модар ба кудак (ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд, ширмаконӣ)

Дар ҳамаи моеъҳои биологии организм вирус вуҷуд дорад, ва дар  4-моеъҳоеи, ки нисбат ба дигар моеъҳо кансентратсияаш баланд мебошад ва сатҳи сироятёби нисбатан зиёд аст.

1) Хун

2) Нутфа

3) Тарашуҳоти маҳбал

 4) Шири сина

Дар  айни замон чунин  намуди ташхисгузаронӣ     вуҷуд    дорад:

1. Тести оҷилӣ

2. Анализи Имуноферменти

3. Имунаблот (Муаян  кардани  РНК  вирус)

Нишонаҳои гирифтор шудан ба Вируси норасоии масунияти одам чи гуна аст?  

         Марҳилаи ноаёнӣаз 3 то 6 моҳро дар бар мегирад. Шахс метавонад сироят ёфта бошад, аммо дар муддати то 3 ё 6 моҳ мавҷуд будани вирус  дар хун  ҳангоми ташхиси  лабаратори муайян карда намешавад.

       Давраи инкубатсионӣ  аз 2 то 10 сол  бе ягон аломатҳои  клиникӣ давом меёбад, то пайдоиши Бемории  пайдошудаи  норасоии  масуният

         БПНМ (СПИД) –  бемории  пайдошудаи  норасоии  масуният.  Марҳилаи  охирини сирояти  ВНМО ин Бемории пайдошудаи норасои мебошад, ки метавонад бо гузашти  аз 2 -15 сол вобаста  ба  ҳолати масунияти инсон  инкишоф  ёбадБарои  БПНМ инкишофи  баъзе намудҳои бемории саратон, сироятҳо ва дигар аломатҳои вазнини клиникӣ хос аст.

Оиди пешгирии Вируси норасоии масунияти одам каме ҳарф мезадед?

Чорабинаҳо оиди кам кардани хатари сироятёбӣ аз  ВНМО.

Риоя намудани тарзи ҳаёти солим.

Истифодаи таҷҳизотҳои тиббии яккарата.

Доштани танҳо як ҳамхоба ва истифодаи рифола ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсони бегона.

Муоинаи ҳатмии шахсони аз муҳоҷирати меҳнатӣ, маҳбас, баргашта, нашъамандони инекқионӣ.

Муоинаи ҳатмии никоҳшавандагон то ақди никоҳ.

Агар зани ҳомила гирифтори ВНМО бошад, ҳатман муолиҷаи зидди ретровируси гирад. Занҳоеки  табобати  зидиретровирусиро  гирифтаандҳангоми  таваллуд хавфи  сироятёбии тифл  то  2% мебошанд.

        Барои табибон: Дар  ҳолати  руй  додани  ҳодисаҳои нохуш дар ҷои корӣ зина ба зина гузаронидани  чорабиниҳои зерин зарур аст.

А. Тамос  бо  хун ё дигар  маҳлулҳои  биологи дар  ҳолати  осеб  дидани  пуст  сурохшавӣ, буридани  пуст:

  • кашидани тарафи берунаи дастпушакҳои  кори  ба дарун
  • интизор  шудан то ҳолате, ки хун  равад
  • бо собун дар зери оби  равон шуста, хушконида ва баъд бо  спирти  этилии 70% , перекиси водородии  3% ҳангоми сурохшавӣ, ва  маҳлули  йоди 5% дар  ҳолати  буридан  тоза  кардани  дастон,  дар  болои захм  часпакварақ монда, пушидани  ангуштпушак лозим  мебошад.

Б. Афтидани  хун ва  биомаводҳо ба луобпардаҳо:

  • ковокии даҳонро  аввал  бо  об ва  баъд бо  спирти  этилии       70% чайқонед.
  • Ковокии биниро  бо  об шуста   баъд  бо  маҳлули  1%  протаргол  тоза кунед  ё  маҳлули 20-30 % албутсиро  чаконед.
  • Чашмонро  бо  дастони  покиза  бо  об ё  кислотаи  борий  1%  шуед  ва  баъд  маҳлули  20-30  %  албутсидро  чаконед.

Роҳҳои табобати ин бемори чи гуна аст?

        Дар  айни  замон доруҳое,ки  барои боздоштани афзоиши  сирояти  ВНМО  дар  бадан  равона карда  шудаанд,  мавҷуданд. Ин муолиҷаро –меномандЯъне, одами  ВНМОмусбат ҳангоми сари вақт сар кардани  таъиноти зиддиретровирусӣ метавонад умри  дароз ва пурбаҳо ба сар барад. Таиноти зидиретровирусӣ    аз 3 намуди дорувори иборат аст:

1. Ламивудин т/б   150мг

2. Зидавудин  т/б    300мг

3. Невирапин   т/б   200м

        Зане, ки  аз  3-моҳ  зиёд  табобати  зидиретровирусиро гирифта бошад  ва  сатҳи имуни (СД4+  аз 350 ҳуҷайра)  баланд  бошанд  ва  сарбори вируси   аз  500 копи  дар як микролитри  хун  паст  бошад  зан  метавонад  кӯдаки солим таваллуд  кунанд.

Занҳое, ки  табобати  зидиретровирусиро  гирифтаанд,  ҳангоми  таваллуд хавфи  сироятёбии тифл  то  2%  мебошанд .

Занҳое, ки  табобати  зидиретровирусиро  нагирифтаанд  хавфи  сироятёбии тифл аз  30-40 % мебошад.