Сарҳамшираи шафқати Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол”

Home / Сарҳамшираи шафқати Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол”

Хидирова Кубириё Умарқуловна

4-уми майи соли 1975 дар деҳаи Зиракии ноҳияи Кулоби вилояти Хатлон дар оилаи коргар таваллуд шудааст.

Соли 1992  мактаби миёнаи 13-и ба номи Маяковскиро хатм намудааст. Соли 2000-ум ба коллеҷи тибби шаҳри Душанбе ба факултаи “момодоягӣ”  дохил шуда, онро соли 2004 –ум бо муваффақият хатм намудааст. Пас аз хатми коллеҷ ба Марказӣ саломатии №4-и шаҳри Душанбе ба ҳайси ҳамшираи тибби оилавӣ ба кор даромадааст. Аз соли 2006-ум то соли 2014-ум дар вазифаи сарҳамшираи тиббии марказӣ саломати шаҳрии №4 кор намудааст. Аз соли 2013-ум то соли 2016-ум ба ҳайси ҳамшираи тиббии шуъбаи табиатшифоӣ кор кардааст.

Аз моҳи июни соли 2016  ба вазифаи сарҳамшираи шафқати Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” таъин гаштааст.

Соли 2014 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳури Қазоқистон такмили ихтисос намудааст.

Муалифи як силсила мақолаҳо дар матбуоти даврӣ мебошад.  Соҳиби дараҷаи олӣ мебошад.

Оиладор соҳиби 5 фарзанд.