Муовини директори маҷмаа оид ба солимии модар ва кӯдак

Асосӣ / Муовини директори маҷмаа оид ба солимии модар ва кӯдак

Гулаҳмадова Саломат Абдуллоевна

02 июни соли1961 дар ноҳия Фархори вилояти Хатлон, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро соли 1978 ба хатм намуда, худи ҳамон сол ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил шудааст. Донишгоҳро бо дипломи аълочӣ хатм намудааст.

Солҳои 1984-1986 таҳсилро дар ординатураи клиникӣ дар Кафедраи момодоягӣ ва генекологии Донишгоҳи номбурда идома додааст.

Солҳои 1986-1993 ба ҳайси табиб акушер-генеколог дар Пажуҳишгоҳи илмию-татқиқотии акушерӣ-генекологӣ ва перенаталии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар намудааст.

Солҳои 1993-1998 дар вазифаи мудири шуъба ва дар як вақт муовини сардухтур оид ба корҳои муолиҷавии беморхонаи шаҳрии клиникии №6 кор ва фаъолият намудааст.

Аз соли 1998 то 2016 дар вазифаи сартабиби таваллудхонаи №3 шаҳри Душанбе кор намудааст.

Аз моҳи июни соли 2016 ба вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” оид ба солимии модар ва кӯдак таъин гардидааст.

Аз соли 1999 то соли 2015 се–маротиба вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб шудааст. Соли 2007 бо нишони сарисинагии “Аълочии тандурустии Чумҳурии Тоҷикистон” қадр карда шуда, соли 2008 бо нишони “Шафқат” сарфароз гардидааст.