Муовини директори маҷмаа оид ба корҳои шифоӣ

Асосӣ / Муовини директори маҷмаа оид ба корҳои шифоӣ

Маҳмадов Фарухи Исроилович

25 майи 1974 сол дар ноҳия Ҳамадонии вилояти Хатлон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Аз соли 1981 то 1991 дар мактаби миёнаи №1 ба номи С. Айнии ноҳияи Ҳамадонӣ таҳсил намуда, онро бо “медали тилло” хатм намудааст.

Соли 1997 интернатураро бо тахассуси ҷарроҳ дар Донишкадаи баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон дар заминаи Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ (БКШЁТТ) гузашта, соли 1998 дар беморхонаи мазкур ба ҳайси мудири шуъбаи ташкилӣ-методӣ ва ҳамзамон дар вазифаи духтур ҷарроҳӣ шуъбаи дуюми ҷарроҳӣ ба кор шурӯъ намудааст. Соли 2003 мудири шуъбаи 2-уми ҷарроҳии БКШЁТТ таъин гашта, соли 2006 бо фармони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба ҳайси муовини сартабиб оиди табобат таъин шудааст. Аз моҳи декабри соли 2009 то ҳол ҳамчун дотсенти кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №1-и Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали Ибни Сино фаъолият менамояд.

Баъд аз гузаштани такмили ихтисос дар самти эндоҷарроҳӣ соли 2002-юм дар Донишкадаи илмӣ –тадқиқотии ёрии таъҷилиии ба номи Н.В. Склифосовскийи шаҳри Москва, фаъолона самти ҷарроҳии каминвазивиро дар беморхонаи мазкур ривоҷ додааст, ки дар ин муддат зиёда аз 700 амалиётҳо бо истифодаи дастгоҳҳои муосир гузаронидааст.

Аз соли 2002-юм баъд аз гузаштани такмили ихтисос дар заминаи Пажуҳишгоҳи Ёрии Таъҷилии ба номи Н.В. Склифосовскийи ш. Москва (ФР) дар мавзӯъи: “ Ташкилот ва амалияи эндовидеоҷарроҳия”, фаъолона дар ин мавзӯъ кор намудааст. Дар ин муддат зиёда аз 700 ҷарроҳиҳоро бо истифода аз асбобҳои муосир ва ё каминвазивӣ гузаронидааст. Соли 2007 такмили ихтисос аз руи “ Масъалаҳои мубрами сиёсат, тарҳрезӣ, иқтисодиёт ва молиявӣ ва омори тиббӣ”-ро дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон гузашта, имтиҳонҳои муқараргаштаро бо баҳои “аъло” супоридааст. Соли 2015 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар заминаи “Российскиий Унверститет Дружбы Народов” такмили ихтисос дар мавзӯъи “Ҷарроҳии лапараскопии абдоминалӣ” гузаштааст.

Соли 2004 –ум дар шаҳри Москваи Федератсия Россия рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Ташхиси аввалиндараҷаи эхинакоккоз ва аз навгардонии коркарди ковокии боқимондаи эхинакоккози ҷигар” дифо намудааст. Соли 2010-ум рисолаи докториашро дар мавзӯъ: Роҳҳои беҳтаргардонии табобати ҷарроҳии эхинакоккози авориздоштаи ҷигар” дифоъ намудааст. Дипломанти озмуни “Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2003” буда, соли 2015 ҳамчун ихтироъкори беҳтарини Ҷумҳурӣ бо “Нишони фахрӣи Муассисаи Давлати Маркази патенту иттилоот сазовор гаштааст. Муаллифи 498 корҳои илмӣ, аз он ҷумла 6-монография, 13 патент барои ихтироот , 4 шаҳодатномаи навоварӣ , 30 пешниҳоди ратсионализаторӣ, 15 дастурамали методӣ, 2 пешниҳоди техникӣ, 12 коркарди методӣ,  6 саннад оиди пешниҳод ва 410 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Таҳти роҳбарии ӯ 2 номзади илми тиб ва 4 кори магистрӣ ҳимоя гаштааст.

Дар 18 конгрессҳо конфронсҳо ва семинарҳои Байналмиллаӣ дар мавзӯъҳои зерин баромад намудааст: Эхинакоккози одаму ҳайвонҳо дар Тоҷикистон”, ш. Алма-Ато , 2002 с; конфронси олимони ҷавон, бахшида ба 60 солагии Пажуҳишгоҳи ҷарроҳии ба номи А.В. Вишневский Академияи Илмҳои Тиббии Россия, Москва , 2005 с; XIII-ум Конгресси Байналмиллалии Ассотсиатсияи ҷарроҳон-гепатологони Россия ва созмони давлатҳои муштарк , Алма-Ато , 2006с; II- мин конфронси илмӣ- амалии шаҳри ҷарроҳон бо иштироки мутахассисони хориҷӣ, Душанбе, 2007с; конфронси илмӣ-амалии Ҷумҳуриявӣ бо иштироки мутахассисони хориҷӣ Турсунзода, 2007с; XIV-ум Конгресси Байналмиллалии Ассотсиатсияи ҷарроҳон –гепатологони Россия ва созмони давлатҳои муштарак, Санкт-Петербург, 2007с; XII- мин Конгресси Байналмиллалӣ оид ба ҷарроҳии эндоскопӣ, Москва , 2008с;  XVI-ум Конгресси Байналмиллалӣ Ассотсиатсияи ҷарроҳон гепатологони Россия ва созмони давлатҳои муштар Екатеринбург, 2009с; XIII-ум Конгресси Байналмиллалӣ оиди ҷарроҳии эндоскопӣ, Москва, 2009 с; XIV-мин анҷумани ҷарроҳони Ҷумҳурии Беларус, Витебск, 2010с;  XXIV-мин Конгресси Ассотсиатсияи эхинакоккологони Ҷаҳон, Ҷумҳурии Чин,2011с;  XIX-мин Конгресси Байналмиллалӣ Ассотсиатсияи ҷарроҳон гепатологони Россия ва созмони давлатҳои муштарак Донецк (Украина) 2013с; I-мин Фестивали Байналмиллалӣ оид ба ҷарроҳии каминвазнавӣ, Москва , 2015с; XVII-мин Симпозиум Байналмиллалии Россия ва Япония оиди масъалаҳои мубрами эндоскопия , Москва ,2015с; Узви вобастаи Ассотсиатсияи  Байналмиллалӣ ҷарроҳон-гепатологони Россия ва давлатҳои муштаракул манофеъ ва Узви вобастаи Ассотсиатсияи Эхинакоккогони Ҷаҳон , Ҷаъмияти эндоҷарроҳони Россия ва Ҷаъмияти генирологони Россия мебошад. Оиладор соҳиби 3 фарзанд.