Муовини директор оиди корҳои кадрии Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол”

Home / Муовини директор оиди корҳои кадрии Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол”

Гадо-Зода Неъматуллои Раҳматулло

21-уми марти соли 1962 дар деҳаи Ғелоти ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон дар оилаи коргар чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1979 мактаби миёнаи №8-и ба номи Шота Руставелии ноҳияи Восеъро хатм намудааст.

Соли 1980 ба сафи  қувваҳои мусаллаҳи Иттифоқи Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Муғулистон дохил шуда то соли 1982 хизмат намудааст.

Баъди хизмати модар ватан роҳ суи илмомӯзӣ пеша карда курси тайёрии Донишгоҳи давлвтии тиббии Тоҷикистонро хатм намудааст. Баъди хатми курси тайёрӣ соли 1983 ҳуҷҷатҳои хешро ба  Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон супорида аз паи омухтани илму дониш шуд. Соли 1989 ин боргоҳи илмро бо муваффақият  хатм намуд.

Соли 1989 фаъолияти меҳнатии хешро шурӯъ карда ба ҳайси табиби  интернаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар базаи беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб шӯъбаи ҷарроҳии калонсолон кор кардааст.

Аз соли  1993 то соли 1995 ба ҳайси Ординатори клиникии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар базаӣ Беморхонаи клиникии Шаҳрии ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе фаъолият намудааст. Номбурда аз соли  1998 то соли 2003 барои такмил додани ихтисоси хеш  аспиранти ғоибонаи ДДТТ буданд.

Аз соли 1993 то соли 2013 таббиби ҷарроҳӣ шӯъбаи дуюми ҷарроҳии Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилӣ фаъолият намудааст.

Аз соли 2013 то моҳи апрели соли 2017 дар Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилӣ ба ҳайси  сардори шӯъбаи кадрҳо ҳамзамон табиби ҷарроҳӣ шӯъбаи дуюми ҷарроҳи кор кардааст.

Аз 4-уми апрели соли 2017 фаъолияти меҳнатии хешро дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ба ҳайси муовини директор оид ба корҳои кадрӣ шурӯъ карда то ҳол фаъолият карда истодааст.

Номбурда дорои дараҷаи тахассусии олӣ буда, соли 2013 сазовори нишонаи сарисинагии «Аълочии Вазорати Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардидааст.

Гадо-Зода Неъматулло барои баланд бардоштани савияи дониши худ курсҳои «Масъалаҳои муҳими ҷарроҳиҳои фаврии узвҳо ковокии шикам», «Ташхиси ултрасадо», «Ташхиси эндоскопия», «Масъалаҳои муҳими эндоҷарроҳии узвҳои ковокии шикам ва паси сифоқпардаро» бо мувафақият  гузаштааст.

Оиладор соҳиби шаш фарзанд.