Мудири шуъбаи хоҷагидорӣ

Home / Мудири шуъбаи хоҷагидорӣ

Ғуломов Худоёр Одинаевич

11 январи соли 1972 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1988 мактаби миёнаи №42-ро хатм намудааст. Соли 1988 ба технукуми политехникӣ дохил шуда, соли 1991 онро хатм кардааст. Аз соли 1991 то соли 1993 дар Қушунҳои сарҳадӣ хизмат карда, ба Ватан бар гаштааст.Соли 1995 ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон дохил шуда, соли 2000-ум донишкадаи мазкурро бо ихтисоси маданиятшиносӣ хатм кардааст. Соли 1995 то соли 2008 дар муасисаи давлатии киностудиаи “Тоҷикфилм” дар вазифаҳои мудири хоҷагидорӣ ва баъдан мудири анбар шуда кор намудааст. Аз соли 2008 то соли 2009 дар муасисаи давлатии телевизиони “Сафина”дар вазифаи масъули бахши хоҷагидорӣ фаъолият намудааст. Аз соли 2011 то соли 2014 дар кинастудияи “Тоҷикфилм” ба вазифаи мутахассиси пешбари идораи кино кор кардааст.

Аз моҳи августи соли 2016 ба вазифаи мудири шуъбаи хоҷагидории Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” таъин гаштааст.

Оиладор соҳиби се фарзанд.