Комплекси ангиограф, яке аз таҷҳизотҳои нодире, ки ормони садҳо беморонро бароварда месозад.

Асосӣ / Комплекси ангиограф, яке аз таҷҳизотҳои нодире, ки ормони садҳо беморонро бароварда месозад.

Комплекси ангиограф, яке аз таҷҳизотҳои нодире, ки ормони садҳо беморонро бароварда месозад.

Дар қисми ташхисгоҳи МТИ таҷҳизоти нодири – ангиограф насб гардидааст. Ба воситаи ин таҷҳизоти ҳозиразамон, ҳамаи бемориҳои рагҳои хунгард ва дил ташхис карда мешаванд.  Комплекси ангиографи Infinix VF-i/BP-8000 Infinix VF-i/BP-8000 истеҳсоли ширккати TOSHIBA-и Ҷопон ба ҳисоб меравад. Дар ин  таҷҳизот аз ҳар паҳлу наздикшавӣ, фарогирии рагҳои хунгарди узвҳои зарурӣ ва интихоби васеъи миқдори наборҳо, сифати баланди навор бо идоранамоии фаврӣ, тағйир додани ҳаҷмҳо дар давоми кор бо камтарин сарбории нурӣ барои мизоҷ ва мутахассис, сарфаи вақт, яъне бо кутоҳтарин муҳлати санҷиш ва пешниҳоди хулоса, бартарӣ аз таҷҳизоти ҳамсон бо имкониятҳои васеъи ташхисиву табобатӣ   ҷой дорад.

Масалан гирифторони бемориҳои дил ва рагҳои хунгард, нуқси модарзодии дил, тангшавии шараёни шуш, нуқси девори байни меъда, норасоии дарғоти шоҳраг, атеросклерози рагҳои пойҳо, тангшавии рагҳои дастҳо ва ангиодисплазия, анеоризмаи аортаи батнӣ, коартатсияи шоҳраг, малфармасияи оартеиовенозӣ  рагҳои мағзи сар,  бемории ишемикии дил, алоими шадиди коронарӣ, сактаи дил, ва дигар бемориҳо бо истифода аз таҷҳизоти ангиограф муолиҷа ва табобат карда мешаванд.