Қисми соматикаи кӯдакона

Home / Қисми соматикаи кӯдакона

Қисми соматикаи кӯдакона

 Дар қатори дигар қисмҳои маҷмааи тандурустии “Истиқлол” қисми “Соматикаи кӯдакона” ҳам фаъолият менамояд, ки ҳамарӯза ормони чандин волидайнро, ки аз бемории кӯдаконашон азият мекашанд бароварда месозад. Ин қисм асосан барои муолиҷаи кӯдакон ба роҳ монда шудааст.

Сартабиби қисми мазкур Саидов Файзалӣ Баротович мебошад, ки собиқаи 27 солаи корӣ дорад. Дар ин макон табибони зиёди ботаҷриба, ки аксарашон дар хориҷ аз мамлакат такмили ихтисос намудаанд фаъолият карда истодаанд. Инчунин ҳамшираҳои шавқат, ки ҳамагиашон дорои маълумоти тиббӣ  буда тавассути озмун ба кор қабул гардидаанд, ба беморон хизмат мерасонанд. Дар қисми “Соматикаи кӯдакона” духтурони ҳирфаи бо технологияҳои тиббии ҳозиразамон беморонро муолиҷа менамоянд, ки ин дастоварди бузурги соҳаи тиббӣ кишвар ба шумор меравад.  Қисми мазкур дорои шуъбаҳои зерин мебошад:

  • Шуъбаи қабул
  • Шуъбаи ҳемодиализ
  • Шуъбаи кӯдаконаи гематология
  • Шуъбаи нефрологӣ
  • Шуъбаи бемориҳои дил ва тарбод
  • Шуъбаи кӯдаконаи гастроэнтрология
  • Шуъбаи кӯдаконаи аллергология бо иммунология
  • Шуъбаи кӯдаконаи бемороиҳои шуш (пульмонология)
  • Шуъбаи кӯдаконаи бемориҳои асаб
  • Шуъбаи кӯдаконаи синни бармаҳал
  • Шуъбаи кӯдаконаи бемориҳои ғадудҳои дарунӣ (эндокринология)
  • Шуъбаи табобати кӯдакони камвазн
  • Шуъбаи наҷоти кӯдакон ва ҳуҷраи хунгузаронӣ
  • Шуъбаи модар ва кӯдак

Қисми “Бистаринамоии калонсолон” дорои 213 кат буда, кӯдакони ба табобат ниёздошта дар  он бистарӣ мегарданд.

Дар ин қисм 440 нафар табибон, кормандони миёнаи тиб ва кормандони хурди тиб фаъолият менамоянд.