Қисми таваллудхона

Асосӣ / Қисми таваллудхона

Қисми таваллудхона

Қисми “Таваллудхона”- и Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”- аз таърихи 08.06. соли 2016 дар асоси Фармоиши директори МД “МТ  “Истиқлол” таҳти № 02-1 аз 07.06.2016 ба фаъолият шурӯъ намуд.

Роҳбарии қисми таваллудхонаро Раҷабова Муҳаббатхон Худоёровна, ки собиқаи 30 сола дорост, бар ӯҳда дорад. Дар қисми таваллудхона тибқи воҳидҳои кории пешбинишуда ҳамаги 384.5 воҳиди корӣ ҷудо карда шудааст. Духтурони ин қисм 80 дар садашон  дараҷаи тахассусӣ доранд. Мутобиқи низомномаи қисми “Таваллудхона” занҳои дар қайди шаҳри Душанбе буда аз марказҳои саломатии №12, №1,  №4 ва “Дармонгох”- и Маҷмааи  тандурустии “Истиқлол” бояд фаро гирифта шаванд.

Қисми мазкур дорои ҳуҷраҳои як ва дунафара, толорҳои наҷот, валодат, ҳуҷраҳои беморони баъди ҷарроҳӣ, хуҷраҳо барои беморони преэклампсияи вазнин, ҳуҷраҳои навзодон,  ҳуҷраҳои нигоҳдории дорувории нашъаовар, боғҳоӣ зимистона ва ошхона мебошад. Инчунин дар дохили бинои ин қисм дастгоҳҳо барои таҳлили хун, пешоб, ва наҷосат  дастгоҳҳои ултрасадо, рентген, дефоблятор ва дигар дастгоҳҳои ёрирасон насб гардидааст. Тамоми шуъбаҳои беморхона бо компютерҳо, принтерҳо, сканерҳо, мултимедияҳо ва дигар васоити техникӣ таъмин мебошанд.

Барои бо хӯрок таъмин кардани занҳо, дар маҷмаа ошхона фаъолият менамояд, ки онҳо мунтазам бо хӯроки дувақта таъмин карда мешаванд. Таваллудхона аз 100 кат иборат буда дар он чунин шуъбаҳо фаъолият менамоянд:

  • Шуъбаи қабул
  • Шуъбаи валодатгоҳи 1                   
  • Шуъбаи валодатгоҳи   2
  • Шуъбаи модар ва кӯдак
  • Шуъбаи модар ва кӯдак 
  • Шуъбаи муолиҷаи оҷил ва  наҷоти навзодон
  • Шуъбаи эҳё ва беҳискунӣ
  • Шуъбаи бемориҳои занона
  • Шуъбаи аворизҳои ҳомиладорӣ

Дар қисми “Таваллудхона” ба ғайр аз таваллудкунонидани занҳо, амалиётҳои зиёди дигар низ гузаронида мешавад:

  • Ҷарроҳии эндовидиохирургия;
  • лапороскопияи муолиҷавӣ;
  • гестероскопия;
  • стерелизатсияи бачадон;
  • коутеризатсияи тухмдонҳо;
  • беҳискунии эндотрахеалӣ;
  • беҳискунии варидӣ;
  • беҳискунии ҳаромағзӣ;
  • беҳискунии эпидурали ва дигар амалиётҳо гузаронида мешавад.