Қисми бистаринамоии калосолон

Home / Қисми бистаринамоии калосолон

Қисми бистаринамоии калосолон

Қисми “Бистаринамоии калонсолон” барои расонидани ёрии махсусгардонидашудаи баландихтисос ба беморони гирифтори бемориҳои  асаб, фалаҷи мағзи сар, диабети қанд, бемориҳои дил, бемориҳои ишимиявии дил, бемориҳои фалаҷи мағзӣ, бемориҳои чураи сутунмуҳра, омосҳои майнаи сар ва ҳаромағз, фишорбаландӣ, беморони гирифтори инсултҳои геморрагӣ равона гардидааст.

Роҳбарии қисми мазкурро Зуҳуров Ҳасан Довудович, ки собиқаи 26 солаи корӣ дар соҳаи тандурустиро дорад, номзади илмҳои тиббӣ мебошад ва аълочии соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба ӯҳда дорад. Дар қисми мазкур ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои тиббии ҳозиразамон ҷойгир карда шудааст, ки кори беморонро осон менамояд. Инчунин дар ҳар як ҳуҷра ташноб ва ҳамом мавҷуд аст, ки сифтаи табобатро беҳтар гардонидааст. Ҳуҷраҳои барҳаво бо тарзи аврупоӣ сохта шудааст, ки дар ҳар яки он бемор бо ягон пайвндаш метавонанддар табобат гирад. Духтурони қисми “Биситаринамоии калонсолон” дар семинару конфронсҳои дохилиҷумҳуриявӣ ва берун аз кишвар такмили ихтисос намудаанд. Аксари духтурон дар хориҷ аз мамлакат барои дуруст истифода намудани таҷҳизотҳои тиббии ҳозиразамон таҷриба андухтаанд.  Дар қисми мазкур беморони аз синни 15 сола боло ба табобат фаро гирифта мешаванд.

Ташхисгузории беморон бо технологияҳои зерин ба роҳ монда шудааст:

  1. Томографияи магнитию резонансӣ.
  2. Томографияи компютерӣ.
  3. Рентгенографияи рақамӣ.
  4. Томографияи компютерӣ бо реҷаи ангиографӣ.
  5. Таҳлилҳои лаборатории хун.

 Дар қисми “Бистаринамоии калонсолон” чунин шуъбаҳо амал менамоянд:

Шуъбаи қабул

Шуъбаи ҷарроҳии асаби калонсолон

Шуъбаи ҷарроҳии батн ва технологияи муосир

Шуъбаи диабети қанд

Шуъбаи гушу гулӯ ва бинӣ

Шуъбаи бемориҳои дил

Шуъбаи бемориҳои дил ва наҷот

Шуъбаи аллергологӣ

Шуъбаи ҷарроҳии қафаси сина ва рагҳои хунгард

Шуъбаи осебшиносӣ ва раддодӣ

Шуъбаи асаб ва фалаҷи мағзи сар

Бо назардоште, ки сатҳи бемориҳои дилу рагҳои хунгард зиёд мебошад, барои пешгирӣ, табобат, паст намудани маъюбият, фавт ва  солимиии миллат, дар соҳаи дилшиносӣ ( бемориҳои дил ва наҷот )  дар ҳаҷми 18 кат (8 кати алоҳида  бемориҳои дил ва  10 кат  бемориҳои дил ва наҷот), кушода шуд.

Бахш яке аз бахши клиникавии  Муасиссаи давлатии «Маҷмааи тандурусти “Истиқлол” мебошад, ки фаъолияташ  ба табобати беморињои зерин равона карда шудааст.:

-њамаи  намудњои  стенокардияњои устувори фаъолияти љисмонї ва             дигар намудњои беморињои музмини ишемиявии дил

-норасогии музмини гардиши хун сабабаш беморињои коронари бо њамљоягии дигар беморињое , ки љараени онро ѓаразкунанада (диабети ќанд, беморињои музмини роњњои нафас ва шуш, беморињои музмини гурдањо), ки табобати ољили эњтиељ надоранд.

-номуратабии музмини кори дил ва интиқолкунї, ки табобати ољили (наљоти) эхтиёљ надоранд ва бо тариқи наќшави табобат мешаванд.

-инчунин дигар беморињое, ки бо вобастаги аз фаъолияти пурраи катњо бистарї мешаванд.