Директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол”

Home / Директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол”

Абдуллоев Ҷамолиддин Абдуллоевич

9-уми декабри соли 1966 чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъд аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда соли 1989 онро хатм намуд.

Аз соли 1989 то соли 1990  ба ҳайси   интернаи Беморхонаи клиникии шаҳрии №5-и шаҳри Душанбе  фаъолияти хешро оғоз намудааст.

Аз соли 1991 то соли 1992 дар вазифаи табиб-ҷарроҳи Дармонгоҳи шаҳрии №7-и назди Маркази тиббии шаҳрии шаҳри Душанбе кор кардааст.

Солҳои 1992-1998    ҳамчун табиб- ординатори  шӯъбаи ҷарроҳӣ дар Беморхонаи клиникии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе фаъолияти меҳнатӣ намудааст.

Солҳои 1998-2008    дар вазифаи мудири шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи  клиникии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе ва солҳои 2008-2014 ҳамчун сартабиби Беморхонаи клиникии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Солҳои 2002-2004 ба ҳайси асисент, баъдан дотсенти кафедраи “Ҷарроҳии умумии №2-и Донишгоҳи Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, солҳои 2008-2014 профессори кафедра инчунин  мудири кафедраи “Ҷарроҳии умумии №2”-и Донишгоҳи давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият кардааст .

Аз моҳи марти соли 2014 ба ҳайси сартабиби Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ фаъолият намудаст.

Унвони илмӣ: доктори илмҳои тиб, профессор.

Вакили Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Шоҳмансур мебошад.

Бо Медали Шафқат (соли2009), Унвони фахрии Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2015) сарфароз гардонида шудаст.

17-уми марти соли 2017 бо Қарори иҷрокунандаи  Раиси шаҳри Душанбе ба вазифаи Директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” таъин гаштааст.

Оиладор соҳиби чор фарзанд мебошад.