Бобоев Ҷангихон Амирхонович

Асосӣ / Бобоев Ҷангихон Амирхонович

Бобоев Ҷангихон Амирхонович 14-уми сетиябри соли 1972 дар ноҳияи Мир Саид- Алии Ҳамадонӣ дар оилаи коргар таваллуд шудааст.  Соли 1979 маълумоти ибтидоиро дар мактаби миёнаи № 33-оғоз намуда, соли  1989 онро хатм намудааст. Аз соли 1990 то 1992 дар сафи Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Белоруссияи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмати ҳарбӣ намудааст.  Аз соли 1993 то 1999 донишҷуи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон буда, аз соли 1994 то соли 1997 ҳамчун таҳлилгари озмоишгоҳи Беморхонаи клиникии шаҳрии №3-и ш.Душанбе кор намудааст. Соли 1997 1998 донишҷуи литсеи № 55-и ш.Душанберо бо ихтисоси муҳосибот хатм намудааст.

Аз соли 1998 то соли 2000 ҳамчун табиби-таҳлилгари озмоишгоҳи клиникӣ-биокимиёвии ДШ №2 фаъолият намудааст.

Соли 2000 2001  донишкадаи Такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби ВТ ва ҲИА ҶТ ро хатм намудааст.

Аз соли 2001 то 2010 мудири озмоишгоҳи клиникӣ биокимиёвии МСШ №3.  Соли 2010 то 2011 табиб таҳлилгари МСШ -10  дар озмоишгоҳ кор намудааст. Аз соли 2011 то 2014 мудири озмоишгоҳи биокимиёвии МСШ-10 ва аз соли 2014 то соли 2016 ҳамчун мудири шуъбаи ташхисии ҳамин Маркази Саломатӣ фаъолият кардааст. Номурда ихтисосашро дар Федератсияи Росия такмил додааст.

Бобоев Ҷангихон Амирхонович айни ҳол ба ҳайси мудири озмоишгоҳи биокимиёвӣ ва клиникии қисми ташхисгоҳи МТИ кор ва фаъолият менамояд.

Оиладор соҳиби 4 фарзанд.