Ҷалолова Заррина Набиевна

Home / Ҷалолова Заррина Набиевна

Ҷалолова Заррина Набиевна 12-уми  майи соли  1982 дар ш.Душанбе дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст. Соли 1988 нахустин қадамҳои хешро ба мактаби миёнаи № 54-и н. Сино гузошта, соли 1998 онро хатм намудааст. Баъди гирифтани маълумоти миёна соли 1999 ба донишгоҳи ДДТТ дохил шуда, соли 2006 донишгоҳро хатм намуд. Баъди гирифтани маълумоти олӣ фаъолияти меҳнатияшро дар БКШ-И № 5 ба ҳайси табибӣ бемориҳои даруна оғоз намудааст. Соли 2010  дар Маркази Ҷумҳуриявии Клиникии бемориҳои касбӣ ба ҳайси  мудири шуъбаи қабул кор ва фаъолият кардааст.

Аз соли 2014 дар МСШ-и № 12 ба ҳайси муовини директор оид ба КМТ фаъолият намудааст.

Соли 2015 ба таври гузариш ба вазифаи муовини директор оид ба корҳои табобатӣ дар МСШ-и № 5 таъин шудааст.

Соли 2016 дар қисми Бистаринамоии калонсолон ҳамчун муовини сартабиб, сипас соли 2017 ба таври гузариш дар қисми Ташхисгоҳ ба вазифаи муовини сартабиб таъин шудааст.

Оиладор соҳиби 2 фарзанд.