Ахмедов Акбаршо Пирумшоевич

Асосӣ / Ахмедов Акбаршо Пирумшоевич

Ахмедов Акбаршо Пирумшоевич 21-уми феврали соли 1966 дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1983 ба Донишгоҳи тиббии №1-и ш.Москва дохил шуда, соли 1984 аз донишгоҳ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Артиши Шӯравӣ даъват шудааст. Баъди адои хизмати ҳарбӣ вобаста ба вазъи иқтисодиву оилавӣ таҳсилашро дар ДДТТ давом дода, ҳамзамон дар бахши шабонаи ДТХБО ба ҳайси посбон кор кардааст.

Соли 1993 факултаи табобатиро хатм намуда, дар Дармонгоҳи № 9-и ш.Душанбе ба ҳайси духтур терапевт фаъолият намудааст.

Соли 1994 такмили аввалияи ихтисосашро дар мавзӯи андрология дар шаҳри Санкт-Петербург гузаштааст. Инчунин дар масъалаҳои бордоркунии сунъӣ дар Маркази ЭКО-и филиали шаҳри Чикагои ИМА ихтисоси хешро такмил додааст.

Аз моҳи сентиябри соли 1994 дар ПАТ ва ПТ  фаъолияти меҳнатияшро оғоз намуда, дар вазифоҳои ходими хурди илмӣ, корманди илм, духтури машваратчии дармонгоҳи ташхисии МД ПАГ ва ПТ, муовини директор оид ба корҳои илмии МДПАТ ва ПТ адои вазифа намудааст.

Аз курси такмили ихтисос дар мавзӯъҳои акушерӣ-гинекологӣ ва урологӣ гузаштааст.

Соли 2011 Рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Сохт ва хусусиятҳои безуриётӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя намудааст.

Номбурда муалифи 19-мақолаҳои илмӣ ва фишурдаҳо, 2-пешниҳоди ратсионалӣ, 2-коркарди методӣ мебошад.

Ахмедов Акбаршо Пирумшоевич-Номзади илми тиб, Аълочии тандурустӣ, табиби урологи дараҷаи олӣ, айни замон ба ҳайси мудири шуъбаи тибби сунатии қисми ташхисгоҳи МТИ кор ва фаъолият мекунад.

Оиладор соҳиби 6 фарзанд.