Шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои муҳими Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.  

     Шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои муҳими Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.  

Аҳли кормандони Маҷмаи тандурустии «Истиқлол» Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дилгармӣ қабул намуда,  нуқтаҳои асосии онро зимни як ҷамъомад шарҳу  тавзеҳ доданд.

Иброз гардид, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ҷузъи муҳими стратегияи давлатдорӣ ва дастуруламали босамари фаъолияти давлат дар самти сиёсати дохилию хориҷӣ маҳсуб мешавад. Он доираи фарохи масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро дар бар гирифта, самти ҳаракати давлатро барои солҳои оянда муайян менамояд.

Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат таъкид доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ аҳаммияти хосса медиҳад. Зеро миллати солим таҳкурсии ҷомеаи солим мебошад. Дар  чорабинӣ  иштирокчиён андешаву бардоштҳои хешро аз Паём иброз дошта,  таъкид намуданд, ки мо кормандони соҳаи тандурустӣ вазифадорем бештар аз ҳарвақта заҳмат кашида ба масъалаи  ташхису табобат аҳамияти ҷидди диҳем, сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар намуда, баҳри амалӣ намудани бандҳои Паёми Сарвари давлат тамоми саъю кӯшишро  ба харҷ диҳем.