Семинар-машварати анестезиологҳо ва реаниматологҳо

Семинар-машварати анестезиологҳо ва реаниматологҳо

 Семинар – машварати анестезиологҳо ва реаниматологҳо

Дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бо иштироки  анестезиологҳо ва реаниматологҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ семинар-машварат баргузор гардид. Мутахассисони соҳа аз Украина баромад карда масъалаҳои гуногунро дар самти мазкур ба иштирокчиён  фаҳмониданд. Мақсади ҷамъомади навбати муарифии шаклҳои наву гунонуни соҳаи мазкур дар миқёси ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт.

Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки  бо мунтазам ворид гардидани таҷҳизоти муосири тиббӣ ва маводи доруворӣ дар кишвар раванди рушди сатҳи хизматрасони аз ҷониби мутахассисони соҳа ба мизоҷон хеле хуб ба роҳ монда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо кормандони соҳаи тибби мамлакат имконоти бештарро дар даст дошта тавонистанд, ки дар ин самт ба комёбиҳои зиёд ноил гарданд. Инчунин дар анҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки ҳамкориҳои кормандони Вазорати тандурустии кишвар бо мутахассисони  хориҷӣ   дар самти  ба даст овардани таҷрибаи пешқадами соҳаи тибби муосир дар ҳоли густариш қарор дорад.