Шуъбаи наҷот

Home / Шуъбаи наҷот

Шуъбаи наҷот

Шуъба дар бинои 7 ошёнаи 7 ӌойгир  шуда, дорои шаш кат мебошад. Шуъба ба кудаконе, ки аз бемориҳои соматикӣ ва бемориҳои гурда ранҷ мекашан хизмат мерасонад. Дар шуъба се дари баромаду даромад вуӌуд дорад ва ба воситаи як болобардори даруни беморони вазнин ба шуъба оварда мешавад. Дар шуъба шаш ҳучра барои бистари намудани беморон ва гузаронидани амалиётҳо мавҷуд аст. Ба ғайр аз ин ҳуӌраи мудири шуъба, сарҳамшира, ҳуӌраи хоҷагидор, шустушуйхона, ҳуҷраи кормандон, ошхона, ҳуҷраи табибон, ҳуҷраҳои хунгузарони, ду ҳоӌатхона ва ҳуҷраи либосҷои кормандон қарор дорад. Сатҳи таъминот бо дастгоҳҳои муосири тибби дар шуъба хеле хуб буда, ба  талабот ӌавобгуй аст. Дар шуъба ду дастгоҳи нафаси сунъии ҳозиразамон истифода бурда мешавад. Ингалятсияи дорувори бошад бо дастгоҳи ингалятор гузаронида мешавад, ки барои табобати беморони роҳҳои нафас аҳамияти калон дорад. Дар шуъба инфузаторҳо вуӌуд дорад, ки барои гузаронидани тазриқаҳои вояги аҳамияти калон дорад. Ба ғайр аз ин дар шуъба мониторҳо, дефибриллятор, ларингоскопҳо, луобкашаки барқи, тарозуҳои электрони, халтачаи (Амбу) вуҷуд дорад.

Собиқаи кории табибон зиёда аз даҳ сол буда, мудири шуъба дараҷаи оли, ду нафар табибон дараӌаи якуми ихтисоси ва ду нафар дараӌа  надоранд. Кароматов Х. тренинг оиди муолиӌаҳои бемориҳои вазнини сироятии кудакона дар шаҳри Сангт Петербург, Раӌабов С, тренинг оиди ҳемодиализ, (шаҳри  Москва),  Гулов У, тренинг оиди ёрии авалин тиббӣ ба бемориҳои вазнин, дар шаҳри Москва)  такмили ихтисос гузаронидаанд.