Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ силро бемории марговари сирояткунанда дар ҷаҳон номид 20.09.2018  11:18

Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ силро бемории марговари сирояткунанда дар ҷаҳон номид 20.09.2018 11:18

Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) сил (туберкулёз)-ро бемории марговари сирояткунанда дар ҷаҳон номида, ба андешидани тадбирҳои фаврӣ барои мубориза бо он даъват намуд. Дар ин бора «РИА Новости» хабар медиҳад.

Тибқи иттилои ин созмон, бо вуҷуди кӯшишҳои ҷаҳонӣ дар самти пешгирии паҳншавии беморӣ, танҳо соли 2017-ум 10 миллион нафар гирифтори бемории сил гардида, 1,6 миллион нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.

Дар робита ба ин, ТУТ хотиррасон менамояд, ки бо шарофати кӯшишҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз соли 2000-ум фавти 54 миллион нафар аз ин беморӣ пешгирӣ карда шуда, шумораи ҳолатҳои нави сирояти одамон ҳар сол 2% кам мегардад.

Вале, мутаассифона, ин беморӣ ҳанӯз ҳам миёни бемориҳои сироятӣ аз ҳама бештар хатарнок аст, — иброз медоранд коршиносон.

Тибқи арзёбии ТУТ, дар кишварҳои камдаромад ва миёнадаромад барои пешгирӣ ва табобати бемории сил танҳо дар ҳамин сол 3,5 млрд долл. ИМА зарур аст. Агар тадбирҳои саривақтӣ андешида нашаванд, ин маблағ то соли  2022 метавонад ду баробар афзоиш ёбад.

Ёдовар мешавем, ки сил дар ҷаҳон бемории паҳншудаи сирояткунандаи инсон ва ҳайвонот буда, бо навъҳои мухталифи микобактерияҳо ва дигар намудҳои ба он марбут зоҳур мешавад.