Таҷлили рӯзи забон дар МТИ 05.10.2018 08:00 ш.Душанбе

Таҷлили рӯзи забон дар МТИ 05.10.2018 08:00 ш.Душанбе

Имрӯз аҳли кормандони Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бо роҳандозии як чорабинӣ аз Рӯзи забон ёд карданд.

Дар оғози чорабинӣ роҳбарияти Маҷмаа аҳли нишастро ба муносибати рӯзи забон ҳумоюн гуфта, атрофи масъалаи покии забон, риояи Қонуни забони давлатӣ, муколамаи озоду равон бо забони модарӣ, талошҳои ҳукумати кишвар дар роҳи покии забону риояи он дар коргузории идораҳо ва нашри китобу маҷаллаҳо ёдовари карданд. Гуфта шуд, ки Забони давлатӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон буда дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми баруманди кишвар ва фарзандони содиқи халқамон ба даст омад.

Бинобар ин, моро лозим аст, ки бо шукргузорӣ аз Истиқлолияту Ваҳдат, сулҳи сартосарӣ дар кишвар ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – забони давлатиро чун гавҳараки чашм, ҳамеша пос дорем. Пок нигоҳ доштани забон аз ҳуввияти миллист ва ҳар сокини ин марзу бумро лозим меояд Қонуни забонро риоя кунад. Дар интиҳои чорабинӣ баҳри болидаруҳии  иштирокчиён  барномае, ки  таҷассумгари таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик аст манзур гардонида шуд.