ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР МДМТ “ИСТИҚЛОЛ”

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР МДМТ “ИСТИҚЛОЛ”

Имрӯз дар Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии “Истиқлол” Рӯзи Президент ботантана таҷлил карда шуд. Қайд гардид, ки  16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеаи таърихӣ – оғози кори Иҷлосияи наҷотбахши миллат оғоз ёфт, ки он минбаъд ба тақдири Тоҷикистону тоҷикистониён сахт пайванд гирифт. Иҷлосияи наҷотбахши Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарзанди барўманди халқи тоҷик, эҳёгари давлати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ваколати роҳбарӣ ба давлати Тоҷикистонро дода, ҳамзамон ба дўши ў вазифаи мураккаб, вале муқаддаси бунёди давлати воқеан соҳибистиқлол ва демократиро гузошт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахустини ба мақоми олӣ интихоб шудан ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим: хомӯш сохтани ҷанги бародаркуш, эҷод намудани фазои боэътимоду ҳамзистӣ дар ҷомеа, баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, азнавсозии интизоми давлатдорӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, дарёфти ҷойгоҳи муносиб дар арсаи байналхалқиро мақсад ва мароми ҳукумати нав эълон намуда, аз ҷумла таъкид намуданд: «Азму иродаи мо дар роҳи барпо кардани давлати демократии ҳуқуқбунёд комилан қатъист. Ҳарчанд ки натиҷаҳои дилхоҳи он на ба таври  оҷил, балки бо гузашти вақт падид меояд, дар баробари ин сулҳу суббот бароямон муҳимтарин арзиш ҳисоб меёбад».

Сарвари кишвар ҳамчун парчамбардори номуси миллат на танҳо дар раванди эҳёи миллӣ кўшиш намуданд, балки дар муттаҳид намудани тоҷикони ҷаҳон ва баҳамоии онҳо нақши равшан гузоштанд.

Сиёсати бунёдкоронаю созандаи асосгузор ва таблиғгари боэътимоди сулҳи саросари кишвар дар анҷуманҳои сиёсии ҷаҳоншиносон мавқеи тозаеро касб намудааст, зеро ин фарзанди фарзонаву худогоҳ, бедордилу равшанзамир дар ҳама ҳолат ва дар ҳар замон бахти баланди худро дар саодати халқи худ дидаанд.

Баъди суханрониҳо як навори видеои, ки бозгуи заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳёи давлати миллӣ буд намоиш дода шуд.