ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР МДМТ “ИСТИҚЛОЛ”

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР МДМТ “ИСТИҚЛОЛ”

22 ноябри соли 2019 дар Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандон маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Директори Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии “Истиқлол” Абдуллозода Ҷ.А. аҳли нишастро бо Рӯзи Парчам табрику таҳният гуфта, қайд кард, ки Парчами давлатии Тоҷикистон дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз муқаддасот ва рамзҳои асосӣ, нишонаи соҳибихтиёрии давлат, рамзи Истиқлолияти давлатӣ, дӯстиву бародарии ҳамаи халқу миллатҳои кишвар ба шумор рафта, беҳтарин василаи тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии миллати шарафманди тоҷик ба ҳисоб меравад.
Бояд таъкид кард, ки оини парчамдории миллати сарбаланди тоҷик таърихи беш аз чаҳорҳазорсола дорад. Гузаштагони арҷманди мо ҳазорсолаҳо зери парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоят кардаанд.

Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои гуногун, ки то мирӯз боқӣ мондаанд, аз парчамдории қадимии тоҷикон гувоҳӣ медиҳанд. Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърихи қадима дорад. Аҷдоди мо ҳанӯз дар замони Каёниён соҳиби дирафше буданд, ки мавҷудияти давлатии онҳоро ифода мекард. Аввалин Парчами тоҷикон “Дирафши Ковиён” ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул мешуд.

Воқеан, дар бораи дирафши ковиёнӣ “Шоҳнома” –и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ҳам маълумот медиҳад. Дар ин асар омадааст, ки Коваи оҳангар вақте дар мубориза бар зидди қувваи бадӣ – Заҳҳок ғолиб меояд, пешбанди чармини худро ба ҳайси дирафш – парчам истифода карда, онро баланд мебардорад ва бо ин амал ғолиб шуданашро ба халқ нишон медиҳад. Баъдан, бо ба даст овардани давлат Фаридунро ба тахт менишонад. Фаридун, дар навбати худ, ба дирафши ковиёнӣ як ситораи дорои чор шохаи зарҳалиро, ки низ бо рангҳои сурху зарду бунафш оро ёфта буд, илова мекунад. Аз ҳамон давра мардуми ориёӣ соҳиби парчами худ гашт.

Хушбахтона, бошарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ – таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардиданд. Воқеан, дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ нишони истиқлолият ва ваҳдати миллӣ буда, давлат тавассути он дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мешавад. Имрӯз Парчами миллӣ, ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ, таҷассумгари асосҳои таърихиву мероси арзишманди миллӣ, ифодакунадаи мақсаду маром ва ормони халқи куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб меравад. Парчами мо дар замони Истиқлол василаи асосии таҳкими ваҳдати миллӣ, роҳнамои халқи мамлакат ба сӯи ояндаи нек ва нишонаи побарҷо будани давлати соҳибистиқлоламон дар арсаи ҷаҳон гардидааст. Хусусан, дар пояи баландтарин парафшон кардани Парчами давлатӣ рамзи ифтихору садоқат ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги асили куҳанбунёдамон мебошад., ки маҳз дар замони Истиқлол ба вуқӯъ пайвастааст.