ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР МД МТ “ИСТИҚЛОЛ”.

ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР МД МТ “ИСТИҚЛОЛ”.

Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб  имрӯз, 16 август дар Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии «Истиқлол» чорабинии бошукӯҳи  идона баргузор  гардид, ки дар он сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Шарифзода Хушвахт Салим, муовини раиси шаҳри Душанбе  Мавсума Муинӣ,  доираи васеи роҳбарону кормандони муассисаҳои зерсохтори Раёсат ва собиқадорони соҳа  иштирок доштанд.

Дар оғози чорабинӣ сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Шарифзода Х.С. суханрони карда кормандони соҳаро бо ин рӯзи таърихӣ таҳният намуданд. Ҳамчунин муовини Раиси шаҳри Душанбе М. Муинӣ табрикоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба ҳозирин расонида аз комёбию дастовардҳои назарраси соҳа ҳарф зад. Қайд карда шуд, ки нишони эътибори аҳли ҷомеа ба онҳоест, ки шабу рӯз баҳри ҳифзи саломатии мардум заҳмат мекашанд.

Сипас ба фаъолон ва собиқадорони соҳаи тиб ифтихорнома ва туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.

Дар охири ҷамъомади идона баҳри болидарӯҳии иштирокдорон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ташкил гардид. Иштирокчиёни қисмати фарҳангии чорабинӣ бо санъати волои хеш табъи иштирокдоронро болида намуданд.

Мавриди зикр аст, ки қисмати дигари чорабиниро намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил медод.

Боиси сарфарозист, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади арҷгузории хизматҳои шоёни фарзандони фарзонаи миллат аз ҷониби давлат ва Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.

Барои эҳтиром ба хотираи неки Абӯалӣ ибни Сино низ дар мамлакат якчанд иқдомҳо амалӣ карда шуданд. Имрӯз яке аз бузургтарин муассисаҳои олии кишвар-Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино гузошта шудааст. Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино-ҷоизаи олии ҷумҳуриявӣ дар соҳаи илму техника аз 1 марти соли 1967 муқаррар карда шудааст. Инчунин, акси ин фарзанди фарзонаи миллат дар пули миллии кишвар инъикос ёфта, имрӯз бо номи ӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчаву хиёбонҳо гузошта шудаанд. Пайкараву нимпайкараҳои Абӯалӣ ибни Сино дар гӯшаҳои гуногуни мамлакат қомат афрохтаанд.

Ҳамин аст, ки табибони мо иди касбии хешро бо комёбиҳои меҳнатӣ, умедҳои тоза ва рӯҳбаландӣ истиқбол мегиранд. Онҳо  баҳри беҳтар намудани саломатии мардум, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ шоиста меҳнат намуда, бо дасти мӯъҷизакор, ақли гиро, сухани нек ба мардум саломатӣ ва умри дубора мебахшанд.

Воқеан, дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик соҳаи тиб мақоми шоиста дошт ва хазинаи тибби халқи тоҷик ғаниву беназир ташаккул ёфтааст. Тӯли қарнҳо аҷдодони  донишманди мо ба мисли Закариёи Розӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва даҳҳо дигарон ганҷинаи бебаҳои тибби ҷаҳониро ба вуҷуд овардаанд.

Табибони муосир ворисони арзандаи гузаштагони худ мебошанд. Осору истеъдоди фитрии онҳо дар кишвар ва хориҷи он эътироф шуда, мавриди татбиқу амал қарор дорад.
Пайваста қабул шудани санадҳои нави меъёриву ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи тандурустӣ аз ғамхории  ҳамарўзаи   роҳбарияти  кишвар, шахсан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ҳидояти некбинонаи Сарвари давлат ва бо назардошти мақоми соҳа ва нақшу манзалати табибон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки вазъият беҳтар гардад.